Дар озмуни вилоятии «Ватанпарвар» дастаи ноҳияи Шуғнон пирӯз шуд

Март 16, 2020 14:32

ХОРУҒ, 16.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Маркази таҳсилоти иловагии вилоят дар қисми низомии 01123, мустақар дар шаҳри Хоруғ даври ниҳоии  озмуни «Ватанпарвар» баргузор гардид.

Сардори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Ниёзмамад Мамадёзов  гуфт, ки мақсад аз баргузории озмуни мазкур — ин дар дили наврасон бедор кардани ҳисси ватандорӣ, ҳимояи марзу буми ватан ва ба хизмати Модар-Ватан омода кардани насли наврас мебошад. Дастаҳо аз  рӯи шартҳои сафороӣ, гузашти низомӣ, тарбияи бадан, аз ҳам ҷудо ва пайваст намудани силоҳи худкори Калашников, ба рӯ кашидани ниқоби газӣ, бандкашӣ, гурзбардорӣ ва таҳияи варақаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ  сабқат карданд.

Дастаи мунтахаби ноҳияи Шуғнон дар иҷрои ҳамаи шартҳо нисбат ба ҳамсолони худ бартарӣ нишон дод. Таваҷҷуҳи ҳакамонро аз ҳама бештар мазмуну моҳият ва ороиши  варақаи ҳарбӣ-ватанпарварӣ ба худ ҷалб кард. Ба гуфтаи ҳакамон, ба таҳияи варақаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар қисмҳои низомӣ ҳам ҳайати фармондеҳӣ ва ҳам сарбозону афсарон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Зеро ин варақаҳо барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, ва нангу номуси ватандорӣ нақши муассир доранд.

Ҳакамон аз миёни афсарони ин қисми низомӣ интихоб шудаанд. Онҳо ба малакаву маҳорати наврасон баҳои баланд  дода, изҳор доштанд, ки дар симои ин наврасон дар оянда сарбозону афсарони босаводу боирода  ва далеру фидокорро мебинанд.

Ҳамин тариқ, ҷои аввал насиби дастаи мунтахаби ноҳияи Шуғнон гардид. Ба ғолиби озмуни вилоятӣ ифтихорнома ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ супурда шуд. Ҷои дуюму сеюмро дастаҳои ноҳияи Роштқалъа ва ноҳияи Рӯшон ишғол намуданд. Ҳарду даста низ бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз гаштанд.

Бо ҳамин озмуни вилоятии «Ватанпарвар» анҷом ёфт ва дастаи ғолиб ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат ба даст овард. Ҳайати фармондеҳии қисми низомии 01123 ва намояндагони Маркази таҳсилоти иловагии вилоят изҳори умедворӣ намуданд, ки  дастаи ғолиб дар озмуни ҷумҳуриявӣ низ аз худ маҳорату истеъдоди баланд нишон дода, дар мақоми ифтихорӣ ҷой мегирад.

 

Март 16, 2020 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд