Дар Самарқанд роҳбарони ниҳодҳои сарҳадии ИДМ мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 12.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи панҷуми минтақавии роҳбарони мақомоти сарҳадии давлатҳои аъзои ИДМ, ки дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид, ҳайатҳои панҷ мақомоти сарҳадии Иттиҳоди давлатҳои Мустақил: Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия, инчунин Хадамоти ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ ширкат намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Дар ҷараёни мулоқот вазъият дар сарҳадоти кишварҳои узви ИДМ бо Афғонистон ва тамоюли рушди он дар ояндаи наздик мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз ҷумла, дар бораи вазъият дар минтақаҳои шимолии Афғонистон мубодилаи афкор карда шуд.
Ҳамзамон таваҷҷуҳи иштирокчиён ба зиёд намудани миқёси тавлиди маводи мухаддир, ки зери назорати ҷангҷӯён аст ва кӯшиши интиқоли он аз сарҳади берунии давлатҳои аъзои ИДМ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва минбаъд тавассути «роҳи шимолӣ» равона карда шуд.
Дар ҷаласа аз ҷониби мутахассисон чораҳои мубориза бо вуруди шахсоне, ки ба ташкилотҳои террористию экстремистии байналмилалӣ мансубанд, ба қаламрави давлатҳои аъзои ИДМ таҳия гардиданд.
Баъди мулоқот Протокол ба имзо расид, ки тавсияҳои он 16 апрели соли 2020 дар Ереван дар ҷаласаи навбатии Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ баррасӣ хоҳанд шуд.








Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд






