Дар шаҳри Роғун озмуни «Маликаи Наврӯз» баргузор гардид

Март 19, 2020 16:54

РОҒУН, 19.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Маркази эҷодии кӯдакону наврасони шаҳри Роғун барои дар сатҳи баланд  таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  даври якуми озмуни шаҳрии «Маликаи Наврӯз»-ро дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки 780 нафар ҷавондухтарон дар сатҳи баланд баргузор намуд.

Озмуни мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳунаромӯзии ҷавондухтарон гузаронида мешавад.

Тибқи шартҳои низомномаи озмун, гулдухтарони шаҳри Роғун ҳунару маҳорати баланди худро нишон доданд. Дар натиҷа ду нафар  хонанда аз  муассисаи таълимии №2- Дилнозаи Меҳроб ва аз мактаб-интернати бачагони болаёқат Фархунда Файзова ғолиб дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявии озмуни «Маликаи Наврӯз» роҳхат гирифтанд.  Дар ин замина тамоми иштирокчиёни озмун бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Роғун Абдулмумин Худойдодов гуфт, ки  бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дастпарварони Маркази эҷодии кӯдакону наврасони шаҳр бо ҳисси баланди ватандорӣ барномаи фарҳангӣ доир намуданд.

Инчунин бо мақсади муаррифӣ  кардани осори илмию адабӣ ва фарҳангии тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату  тамадунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар  бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ миёни  хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр озмунҳои шаҳрии «Дониш ва ҳунар», «Наврӯз ҷашни ниёгони мост», «Наврӯз ҷаҳонӣ шуд» ва  «Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад» баргузор карда шуданд, ки дар он хонандагони муассисаҳои таълимӣ фаъолона иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин марказ ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, ихтироъкорию навоварӣ ва рассомӣ ба хоҳишмандон пайваста омӯзонида мешаванд. Тибқи маълумоти директори Маркази эҷодии кӯдакону наврасони  шаҳри Роғун Олимшо Ҷамилзода, имрӯзҳо  омодагиҳои ин марказ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Март 19, 2020 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид