Дар Вазорати маориф ва илм барои пешгирӣ аз коронавирус Ситоди дохилиидоравӣ таъсис ёфтааст

Март 3, 2020 10:05

ДУШАНБЕ, 03.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани маълумоти пешгирикунанда аз  сирояти коронавирус Ситоди дохилиидоравӣ таъсис дода шудааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми мамлакат иттилоъ доданд.

Роҳбарии Ситоди мазкурро Вазири маориф ва илм, академик Муҳаммадюсуф Имомзода ба уҳда дошта, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ аъзои он мебошанд.

Тибқи нақшаи кории ситод ба тамоми муассисаҳои таълимӣ дастур дода шудааст, ки дар дохили муассисаҳо тозагӣ ва меъёрҳои гигиению беҳдоштиро риоя намуда, маводи зидди вирусӣ, аз ҷумла ниқобҳоро истифода намоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз ҳолати сироятёбӣ ба вируси мазкур ба қайд гирифта нашудааст, бо вуҷуди ин, бо мақсади пешигирӣ аз ин беморӣ мутахассисон тавсия медиҳанд, ки  ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, дастонро бояд тез- тез бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯяд.  Бояд ба  пардаҳои луобӣ, хусусан бинӣ, чашм ва даҳон камтар даст расонид. Истеъмоли меваҷоту сабзавоти аз витаминҳо бой  бисёр муҳим мебошад.  Инчунин истифода  аз ниқобҳои тиббӣ манфиатовар дониста мешавад.

Бино ба зикри манбаъ, аз ҷониби роҳбари ситод ба масъулин дастур дода шудааст, ки дар тамоми мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ маводи хӯрокӣ ва маводи зиддивирусӣ харидорӣ ва захира карда шуда, аз иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва сафар ба кишварҳое, ки дар онҳо вируси мазкур ба қайд гирифта шудааст, худдорӣ карда шавад.

Инчунин тавассути дарсҳо ва соатҳои тарбиявӣ аз ҷониби омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд.

Дар маҷмӯъ, масъулини соҳа, шурӯъ аз муассисаҳои томактабӣ то муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиро оид ба пешгирии ҳама гуна вирусҳо ба роҳ монанд, гигиенаи шахсӣ ва меъёрҳои тозагию беҳдоштиро дар ҷойҳои корӣ риоя намоянд. Масъулин ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус миёни аҳолӣ: ҷойҳои серодам, бозорҳо, масҷид, тӯю маъракаҳо ва риояи гигиенаи шахсӣ бояд тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ тариқи ВАО васеъ ба роҳ монда шаванд ва тавассути он мутахассисони соҳа тавсияҳои худро оид ба риояи гигиенаи шахсӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳангоми омодасозии ғизо, муносибат бо кӯдакон, махсусан бо тифлони навзод ба мардум пешниҳод намоянд.

Март 3, 2020 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон