Дар Ӯзбекистон тамоми мусобиқаҳои байналмилалӣ аз сабаби коронавирус муваққатан боздошта шудаанд
ДУШАНБЕ, 10.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии вуруди эпидемияи коронавирус дар қаламрави Ӯзбекистон чорабиниҳо ва мусобиқаҳои байналмилалӣ муваққатан боздошта шудаанд. Дар ин бора сомонаи Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ӯзбекистон иттилоъ додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
«Бо назардошти вазъи баамаломада ва инчунин бо мақсади таъмини иҷрои дастуру тавсияҳои ҳукумат дар ин самт аз ҷониби Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш фармоиш ба тавсиб расидааст»,- омадааст дар хабар.
Мутобиқи фармоиши вазорат, айни ҳол иштироки аъзои дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, ҳамчунин сафарҳои кормандони соҳаи мазкур ба хориҷа бо мувофиқати Вазорат сурат мегирад.
Ба ҷуз ин, муайян карда шуд, ки мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ (чемпионатҳо ва ҷомҳо) дар тамоми намуди варзиш дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва мусобиқаҳои варзишии вилоятӣ дар ҳамоҳангӣ бо шуъбаҳои минтақавии Вазорати тандурустӣ барпо мегарданд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






