«Дарвешона ё Наврӯзи Кӯлоб сад сол муқаддам»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Март 19, 2020 14:20

ДУШАНБЕ, 19.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида матбуоти даврии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат маводи зиёд ба нашр расониданд, ки омодагиҳо ба таҷлили пуршукӯҳи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқу табиатшиносӣ аз муҳимтарини онҳо ба ҳисоб мераванд. Шарҳи мухтасари маводи нашрнамудаи матбуоти даврии мамлакат манзури хонандагон гардонида мешавад.

Нашрияи расмиии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи №52 (23 907) панҷшанбе, 12 март, суҳбати хабарнигор Ҷовиди Аштиро бо ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муъминҷон Шарифзода таҳти сарлавҳаи  «Таълим. Илмҳои дақиқу табиатшиносӣ дар камолоти донишҷӯ нақши калидӣ доранд» ба нашр расонидааст. Маводи мазкур ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020 – 2040 бахшида шудааст.

Муъминҷон Шарифзода, аз ҷумла гуфтааст, ки зарурати рушди фанҳои зикршударо мутахассисон ва олимони ин соҳаҳои пешбаранда бо дилу ҷон дастгирӣ мекунанд.

«Зеро итминони комил дорам, ки онҳо чунин соати саидро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Умеди калон доштанд, ки Пешвои хирадпеша ва дурбини тоҷикон ҳангоми таснифи вазифаҳои аввалиндараҷаи давлату миллат ба беҳтар намудани таълими фанҳои дақиқу риёзӣ ва умуман, илму ҳунарҳои замонавӣ ҳатман эътибори дучанд медиҳанд»,- изҳор доштааст мавсуф.

Муаллиф навиштааст, ки агар ба моҳияти вазифагузории  навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амиқтар назар афканем, дармеёбем, ки иҷрои он ба фардои нисбатан тӯлонитаре муқаррар карда шудааст. Ва ин беасос нест.

«Бемайлон рушд бахшидани таълими силсилафанҳое, ки онҳоро «дақиқ» гуфтан расм шудааст, кӯшишу масрафоти зиёд ва вақти бештар талаб менамояд. Аз ин ҷост, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат солҳои 2020 — 2040 ба таври расмӣ Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон шуд. Бешубҳа, дар бадали ду даҳсола дар ҷодаи таълими фанҳои дақиқ ҷунбиши назаррасе ба амал оварда мешавад», — омадааст дар мавод.

Устодон ва шогирдони донишгоҳ аз сафҳои пеши ислоҳотгарони маорифи Тоҷикистони азиз мақоми арзандаи хешро  дарёфта, баҳри он мекӯшанд, ки омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, аз худ кардани ҳунарҳои замонавии техникӣ ҷавобгӯи тақозои айём бошад ва ба шарофати он Ватани маҳбубамон ҳамеша дар радифи мамлакатҳои пешрафтаи олам мақоми шоиста касб карда тавонад»,- хулоса намудааст ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон.

Дар чор шумораи ҳафтаи гузашта нашршудаи «Ҷумҳурият» масъалаҳои марбут ба ҳисоботи телефонии раисони вилоятҳо ва як қатор  шаҳру ноҳияҳо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мавод оид ба таҷлили сазовори 30- солагии Истиқлолияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, баргузории ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум ва дигар мавзӯъҳои рӯзмарра мавриди таҳлил қарор гирифта, пешниҳоди хонандагон гардидаанд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Садои мардум» дар шумораи нашри 17 март (№33, 4139) маводи таҳлилии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҳаёт Одинаевро дар бораи «Тоҷикистон дар масири рушди устувор» ба нашр расонидааст.

Профессор дар мақолаи худ зикр намудааст, ки Консепсияи рушди устувор модели асосӣ ва вектори (ориентири) аслӣ барои рушди ҷаҳони глобалӣ дар асри ХХI эътироф гардидааст.

Гуфта мешавад, ки афзалиятҳо ва ҳадафҳои Консепсия дар муҳимтарин ҳуҷҷатҳои консептуалии СММ ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ, ки дар даҳсолаи охир қабул шудаанд, хеле васеъ, ҳамаҷониба ва амиқ инъикос ёфтаанд.

«Дар байни онҳо Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ)-и СММ барои солҳои 2016-2030, ки дар «Рӯзнома дар соҳаи рушди устувор барои давраи то соли 2030» таҳия ва пешниҳод гардидаанд, аз ҳама бештар муҳим мебошанд. Дар он на танҳо асосҳои консептуалии рушди устувор инъикос ёфтаанд, инчунин афзалиятҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии рушди минтақаҳо ва умуман ҷаҳон ҳамаҷониба ҳамгироии хеле муносиб ва ҷаззоб пайдо намудаанд. Дар айни ҳол Ҳадафҳои рушди устувори СММ характери умумиинсонӣ ­дошта, барои татбиқи амалӣ дар кишварҳои олам таъйин шудаанд», навиштааст Ҳаёт Одинаев.

Вакили мардумӣ навиштааст, ки раванди гузариш ба модели рушди устувор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон ба таври расмӣ соли 1995 оғоз гардид. Маҳз дар ҳамон сол кишварҳои минтақа якдилона принсипҳои асосии рушди устуворро ҳамчун пояи сиёсат эълон ва эътироф намуданд.

«Шарти муҳимтарини гузариши Тоҷикистон ба рушди устувор, пеш аз ҳама, мавҷудияти экосистемаҳои табиии нигоҳдошташудаи кишвар ва сарватҳои табиии ҳанӯз пурра истифоданашуда ва ё камистифодашуда мебошад. Тоҷикис­тон дорои захираҳои бузурги намудҳои гуногуни канданиҳои фоиданок ва обҳои нӯшокӣ, неруи тавонои гидроэнергетикӣ, шароити ниҳоят мусоид барои парвариши маҳсулоти озуқавории аз лиҳози экологӣ тозаю беолоиш, инчунин имкониятҳои воқеӣ барои рушди фаъолона ва ҳамаҷонибаи сайёҳӣ, аз ҷумла, сайёҳии экологӣ, рекреатсионӣ ва ғайра мебошад. Аз рӯи нишондиҳандаҳои мутлақи захираҳои неруи гидроэнергетикӣ кишвар дар миқёси ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол менамояд», — гуфтааст муаллиф.

Мавсуф аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат оид ба амалигардии ҲРУ  ва вазифаҳои асосии Консепсияи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувор ёдовар шуда, чунин хулоса намудааст «Ҳадафи стратегии гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувор дар таъмини рушди муътадили иҷтимоӣ-иқтисодӣ зимни истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва нигоҳдории муҳити атрофи мусоид ба хотири қонеъ гардонидани талаботи наслҳои имрӯза ва ояндаи аҳолии кишвар, расидан ба сатҳи сифатан нави зиндагии мардум ва ҳолати экосистемаҳо ифода меёбад».

Нашрияи Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар шумораи №12, 1253, 18 март дар баробари нашри суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат, инчунин оид ба таҷлили иди Наврӯзи байналмилалӣ, таърихи ин ид, баргузории ҷаласаи нахустини иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум хабару гузориш ва маводи таҳлилиро ба хонандагонаш пешниҳод намудааст.

Нашрияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе «Мароми  пойтахт» зери сарлавҳаи «Дарвешона ё Наврӯзи Кӯлоб сад сол муқаддам»  маводи таҳлилии таърихшинос Ҷонибек Асрориёнро ба нашр расонидааст.

Бо ҳамин унвон,- гуфтааст муаллиф, то солҳои 60-70 асри ХХ Наврӯзро дар минтақаи Кӯлоб ҷашн мегирифтанд. Дар даҳаи ид бо пайдо шудани сияҳгӯш маросими «Гулгардонӣ» оғоз мешуд. Нахуст бачаҳо ин расмро бо байтҳои «Гули сияҳгӯш ҳафтрангай, Хӯроки кабки дилтангай…» садо мекарданд. Дар миён мисраъҳое буданд, ки таманнои бачаҳоро ҷилва медод, мисли «Гули сияҳгӯши пешгардон, табақ пур куну даст гардон». Соҳибони хона аз муждаи баҳор шодиёна, ҳар чӣ аз бисот доштанд, ба онҳо армуғон медоданд. Манзури маросим аз такудави бобои деҳқон буд, ки дар шеър таъкид мешуд: «Гул овардем аз у поён, хабар кардем бобой деҳқон, Бте ғалла ба гулгардон, баҳори нав муборак бод!». Аз рӯйи нақли шоҳидон, ин расм бо дойра ва дутор орову зеб меёфт.

Муаллиф анъанаҳои таҷлили Наврӯз дар замони 100 сол муқаддамро таҳлил намуда, дар фарҷоми маводи худ чунин хулоса намудааст: «Метавон натиҷа гирифт, ки Наврӯз- ҷашнвораи табиӣ ва ахлоқию зебопарастӣ, новобаста аз ҳукумати ақвоми бегона, аз миён нарафт ва дар замони Истиқлол ба ҷашнвораи ҷаҳонӣ табдил ёфт».

Рӯзномаву ҳафтаномаҳои дигари даврии Тоҷикистон, аз қабили «Халқ овозӣ», «Омӯзгор», «Бадахшон» «Ҳақиқати Суғд», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Боҷу хироҷ», «Чархи гардун», «Авиценна» ва ғайра оид ба муҳимтарин мавзӯъҳо, аз қабили корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, саноатикунонии босуръат, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра маводи сершумор нашр  намудаанд.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Март 19, 2020 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДИЛНАВИШТА». Таҳти чунин унвон маҳфили эҷодии Ибодулло Машраб баргузор гардид
«ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ ёфт
«МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАВОМДИҲАНДАИ НАЗМИ ҲАЗОРСОЛАИ ХАЛҚИ ТОҶИК МЕБОШАД». Андешаҳои адибони бузург дар васфи шоир
Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ОН ҚАДАР ДАР ДИЛПИСАНДӢ ДИЛПИСАНД АСТӢ, ВАТАН…». Имрӯз зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода аст
«БЕҲТАРИН ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ-2024». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмун гузаронида шуд
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Бадахшон даври вилоятии фестивали ҳунармандон ҷамъбаст гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ даври ҷумҳуриявии озмун баргузор мегардад
«БО ҲАМ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони муосири тоҷик оғоз шуд
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд
Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд