Дарёфти беш аз 2 кг героин аз дохили «бодоми ордак» дар Панҷи Поён
ДУШАНБЕ, 04.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони гумруки Панҷи Поён як далели кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддири навъи героинро ба миқдори беш аз 2 килограмм дар ҷануби Тоҷикистон ошкор ва пешгирӣ намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки гумрукчиёни тоҷик зимни азназаргузаронӣ ва муоинаи гумрукии бағоҷи дастии шаҳрванди 32 –солаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Нури Аминуллоҳ аз зери либосҳои дохили ҷомадони ӯ 2 бастаи селофании «бодоми ордак», ки дар ҳар як баста 3-тогӣ халтачаҳои селофани сафед мавҷуд буд, дарёфт намуданд. Ҳангоми кушодани бастаҳои селофании «бодоми ордак» аз дохили бодомҳои ордакдор маводи хокистарранги дорои бӯйи ғализи дар селофанчаҳо печонидашуда ошкор карда шуд.
Дар асоси хулосаи маълумотномаи экспертизаи судӣ-кимиёвии шуъбаи экспертизаи судии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, маводи аз дохили «бодоми ордак» дарёфтгардида ба маводи нашъаовари навъи героин мансуб буда, вазни холиси он 2 кг 110 граммро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур нисбат ба сокини вулусволии Оқҷави вилояти Ҷузҷони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Нури Аминуллоҳ, соли таваллудаш 1988 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 200, қисми 4, банди «д» ва 289 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, ба Прокуратураи вилояти Хатлон ирсол гардидааст.








Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд






