ҶДММ «Спитамен Текстайл» сармоя, таҷриба ва технологияи Кореяи Ҷанубиро ба Тоҷикистон меорад
ДУШАНБЕ, 17.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. ҶДММ «Спитамен Текстайл»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати “Baoshan Tianfang Science and Technology LTD”-и Кореяи Ҷанубӣ Созишномаи ҳамкории сармоягузорӣ имзо кард, ки он ба ҷониби Тоҷикистон имкон медиҳад истеҳсолоти худро як баробар афзоиш диҳад. Намояндагони ду ширкати нассоҷӣ бо ҳамдигар дар Намоишгоҳи байналмилалии ришта дар Истанбул моҳи феврали соли гузашта вохӯрда, доир ба ҳамкорӣ ба мувофиқа расида буданд. Дар ин бора аз ҶДММ «Спитамен Текстайл» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ширкати кореягӣ узви “Tianjin Tianfang Investment Holding Co Ltd”- истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи маъруфи маҳсулоти нассоҷӣ дар кишвараш мебошад.
Ба иттилои муассис ва директори кулли ҶДММ “Спитамен Текстайл” Акбар Ҳакимов, бо шарофати ҳамкорӣ бо ширкати кореягӣ онҳо соҳиби таҷҳизоти замонавии коркарди нахи пахта ва истеҳсоли ришта мешаванд.
Директори фабрикаи нассоҷии ҶДММ “Спитамен Текстайл” Мирзоқодир Бақоев иброз намуд, ки тавоноии истеҳсолии онҳо аз 7560 дуки ресандагӣ ҳоло то ба 14000 дук расида, содирот низ як баробар афзоиш меёбад. Ҳамкорӣ бо ширкати кореягӣ ҳамчунин дар харидории нахи пахта ва дарёфти муштарӣ барои риштаи истеҳсолшуда ёрӣ хоҳад расонид.
Ҳаҷми умумии сармояи пешбинишуда ба “Спитамен Текстайл” имкон медиҳад, то шумораи кормандонро аз 184 нафари ҳозира то 300 нафар зиёд кунад, тавоноии истеҳсолии корхонаро як баробар афзоиш диҳад ва таҷҳизоти зарурии ресмонресиро бо ҳадафи афзоиши навъи маҳсулоти омода бихарад. Феълан, мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ дар ноҳияи Спитамен қарор дошта, корҳои омодагиро оғоз кардаанд.
Ҷиҳати татбиқи ҳадафи коркарди пурраи пахта дар дохили ҷумҳурӣ ҶДММ «Спитамен Текстайл» истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагиро низ рӯзҳои наздик роҳандозӣ мекунад. Дар ноҳияи Файзобод бинои корхонаи дӯзандагии ин ҷамъият аллакай омода буда, қисман муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар назар аст, ки бо пурра муҷаҳҳаз гардидани корхона ва ба истеҳсолот оғоз кардани он бонувони маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гарданд.
ҶДММ «Спитамен Текстайл» соли 2009 таъсис ёфта, яке аз бузургтарин корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон бо соҳибмулкии пурраи маҳаллӣ мебошад. Ширкат бо таҷҳизоти замонавии итолиёвӣ муҷаҳҳаз буда, маҳсулоташ ба ҳамаи меъёрҳои ҷаҳонӣ мувофиқ мебошад. Маҳсулоти худро ширкат асосан ба Чин, Туркия ва Кореяи Ҷанубӣ содирот менамояд.








Татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории сатҳи баланди СҲИ оид ба саноат доир гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷӣ-Тоҷикистон–2026 баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур идома дорад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Рим баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд






