Доруи таъсирбахш барои табобати коронавирус муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 19.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти Чин доруи таъсирбахш барои табобати коронавируси SARS-CoV-2-ро, ки сабаби пневмонияи COVID-19 гардид, муаррифӣ намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «The Guardian» хабар медиҳад.
Тавре намояндаи Вазорати илм ва технологияи Чин Чжан Синмин изҳор дошт, дору бар зидди штаммҳои нави зуком бо номи «Фавипиравир» (ҳамчунин чун «Авиган» низ маъруф аст), ки аз ҷониби ширкати японии «Fujifilm Toyama Chemical» истеҳсол шудааст, самарабахшии худро дар табобати коронавирус нишон дод.
Ба гуфтаи вай, дар Вухан ва Шенчжен озмоишҳои клиникии ин дору бо иштироки 340 бемор гузаронида шуданд. Ташхиси бемороне, ки «Фавипиравир»-ро истеъмол карда буданд, пас аз чор рӯз манфӣ баромад, шаҳрвандоне, ки ин доруро истеъмол накарда буданд, ба ҳисоби миёна дар 11 рӯз табобат ёфтанд. Илова бар ин, дору сатҳи баланди бехатарӣ дорад ва тақрибан дар 91 фоизи беморон ҳолати роҳҳои нафасро беҳтар мекунад.
Ширкат то ҳол изҳороти мақомоти Чинро шарҳ надодааст, аммо як манбаъ дар Вазорати тандурустии Япония иброз доштааст, ки ин дору ба табобати одамони дорои нишонаҳои шадид чандон таъсирбахш нест.
То 19 март дар ҷаҳон беш аз 219 ҳазор нафар ба коронавирус мубтало шудаанд. Аз онҳо беш аз 8 ҳазор нафар фавтида, зиёда аз 8900 нафарашон шифо ёфтаанд. Хуруҷи беморӣ охири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳан оғоз ёфт.
АКС: Agustin Marcarian / Reuters








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






