Эмомалӣ Раҳмон: дар соҳаҳои гуногуни кишвар 116 нафар докторҳои илм ва 1124 нафар номзадҳои илм аз ҳисоби занон фаъолият мекунанд

Март 7, 2020 13:27

ДУШАНБЕ, 07.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар соҳаҳои гуногуни кишвар 116 нафар докторҳои илм ва 1124 нафар номзадҳои илм аз ҳисоби занон фаъолият мекунанд. Дар ин бора имрӯз зимни ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд.

Ба таъкиди Сарвари давлат, саҳми занону духтарон дар рушди соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад.

«Тавре дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ишора кардам, имрӯзҳо дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз ва фарҳанг 51 фоиз занону бонувон фаъолияти пурсамар доранд», — ёдовар шуданд Пешвои миллат.

Президенти мамлакат бо такя ба маълумотҳо тазаккур доданд, ки дар соҳаҳои гуногуни кишвар 116 нафар докторҳои илм ва 1124 нафар номзадҳои илм, аз ҷумла 15 доктор ва 133 номзади илм дар соҳаи илмҳои дақиқ аз ҳисоби занон фаъолият мекунанд.

«Беш аз 82000 нафар занону духтарони тоҷик касби бошарафи омӯзгориро ба уҳда доранд, — гуфтанд Эмомалӣ Раҳмон ва илова намуданд, ки онҳо дар таълиму тарбияи насли ояндасози кишварамон нақши арзанда мегузоранд».

Таъкид гардид, ки занону бонувон ҳамчун табибу ҳамшираи шафқат барои саломатии аҳли ҷомеа заҳмат кашида, беморонро шифо мебахшанд ва як қисми онҳо ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғул шуда, дар рушди илми тиб ҳиссаи худро гузошта истодаанд.

«Бо вуҷуди ин, бонувони табибро зарур аст, ки нозукиҳои соҳаро боз ҳам беҳтар аз худ намоянд, барои солимии ҷомеа бештар кӯшиш кунанд ва ба сокинони мамлакат содиқона, бо дониши баланди касбӣ ва муоширати хуб хизмат расонанд, — даъват карданд Пешвои миллат аз бонувон ва таъкид намуданд, ки зеро барои давлат миллати солим даркор аст ва саломатии мардум боигарии давлат мебошад».

Март 7, 2020 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»