«Ганҷи сухан» дар остонаи Наврӯз маҳфили идона орост

Март 18, 2020 11:54

ДУШАНБЕ, 18.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯзи фархундапай нишасти идонаи маҳфили  «Ганҷи сухан» баргузор гардид, ки воқеан нафасу файзи баҳорона дошт. Маҳфилро адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо фарорасии баҳору Наврӯз муборакбод гуфт.

Дар бахши «Навгониҳои илмиву адабӣ» дотсенти  кафедраи адабиёти классикии Донишгоҳ Сорбон Азизов ҳозиринро бо китобҳои тозаинтишор шинос кард. Аз ҷумла, аз нашри якчанд китобҳои муфиди «Тоҷикистон Ватани наврӯз аст», «Поэтикаи ғазалиёти Бедил», «Аз Бедил то имрӯз», «Мактаби Камол»,  «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷунайдуллои Ҳозиқ. «Сафинат-ул авлиё»-и Муҳаммади Дорошукӯҳ ва ғайра маълумот дод. Баъдан дар мавзӯи «Сарнавишти таърихии Наврӯзи тоҷикон» суҳбати пурмӯҳтавои доктори   илмҳои филология, устоди  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Нуралӣ Нурзод манзури ҳозирин гардид.

Мавсуф гуфт, ки пайванди ҷашни Наврӯз ба офаринишро метавон ба замони барпоии он аз дергоҳи таърих, ки рамзи эҳёи табиат ва фарорасии айёми шукуфоиву бедории аносири табиӣ ва амсоли ин дониста мешуд, марбут донист. Он дар сароғози маърифати гоҳшумории мардумони ориётабор, ҳатто аз рӯзгорони аз ду фасл таркиб ёфтани як сол, яъне баҳору хазон қарор доштааст.

Асолати Наврӯз чун ҷашни маҷмӯи шодиву сафо, бедориву иқдом дар он ифода меёбад, ки инсоният берун аз ҳама маҳдудаҳои фикриву ақидавӣ ба он ниёз дорад, онро таҷлил мекунад ва ба он арҷи баланд мегузорад.

 

Март 18, 2020 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид