Хоруғ: дастаи Маркази тайёрии олимпии вилоят дар мусобиқаи баскетбол мақоми аввалро гирифт

Март 6, 2020 15:14

ХОРУҒ, 06.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Қасри варзиши шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ибтикори Раёсати ҷавонон ва варзиш мусобиқаи вилоятӣ аз намуди баскетбол байни дастаҳои занона баргузор гардид. Ин мусобиқа, ки  ба Рӯзи Модар бахшида шуд, бо пирӯзии дастаи Маркази тайёрии олимпии вилоят анҷом пазируфт. Ин дастаи мунтахаби баскетболбозони вилоят соли гузашта дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ низ мақоми аввал ба даст оварда буд.

Дар мусобиқа, ки  як ҳафта давом кард, ҳашт даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат намуданд. Ба бозии ниҳоӣ баскетболбозони дастаи мактаби варзишӣ ва Маркази тайёрии олимпӣ роҳхат гирифтанд. Ҳарчанд ҳарду даста ба ин мусобиқа бо омодагии комил ҳозир шуда, аз худ маҳорату истеъдоди баланд нишон доданд, аммо азбаски бозингарони дастаи Маркази тайёрии олимпӣ чанд сол пай дар пай дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат доштанду таҷрибаи зиёд ҳосил кардаанд, дар ин бозӣ пирӯз шуданд.

Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки “аслан ин намуди бозӣ ба ҷуз шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон дар дигар ноҳияҳои вилоят чандон рушд накардааст. Аз ин рӯ ба масъулини бахшҳои ҷавонону варзиши ноҳияҳои вилоят  зарур аст, ки таваҷҷуҳи духтарону занонро ба ин намуди варзиш бештар ҷалб намоянд. Ҳар қадар теъдоди бозингарон зиёдтар шавад, ҳамон қадар барои мураббиён  ташкили дастаҳои мунтахаб осонтар мегардад.

Ҳамин тавр пас аз панҷ рӯз ин мусобиқа ба охир расид. Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят  ҳамаи духтарону бонувонро бо Рӯзи Модар ва дастаи баскетболбозони Маркази тайёрии олимпиро бо пирӯзӣ табрик намуда, баён дошт, ки мақсад аз баргузории чунин мусобиқаҳо, пеш аз ҳама, солимии ҷисм ва дуюм  такмил додани маҳорату  истеъдоди варзишгарон аст, то онҳо  тавонанд дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ  ва минтақавӣ  мақоми ифтихорӣ ишғол намоянд.

Дастаи занони баскетболбози Маркази тайёрии олимпӣ дар сархати ҷадвали мусобиқа ҷо гирифт. Ҳоло дастаи мазкур қаҳрамони Тоҷикистон аз намуди баскетбол ба шумор меравад.

Сармураббии  даста Сарфароз Алимшоев гуфт, ки “мо дар назди худ вазифа гузоштаем, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ низ ширкат ва шарафи варзишии давлати худро ҳифз намоем”.

Ҷои дуюмро дастаи Мактаби варзишии шаҳри Хоруғ ва мақоми сеюмро дастаи литсеи Оғохон ишғол намуданд.

Март 6, 2020 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид
Имрӯз қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 75 медали тилло ба даст оварданд
Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад
Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд
Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад
Қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд
Соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 510 медал ба даст оварданд