Идомаи амалиёти шартии «Корд»: 12 нафар боздошт ва 30 адад силоҳи сард мусодира гардид
ДУШАНБЕ, 30.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 то 29 март дар натиҷаи гузаронидани амалиёти шартӣ бо номи «Корд» дар тамоми манотиқи пойтахт дар маҷмӯъ 12 нафар боздошт гардида, аз онҳо қариб 30 адад силоҳҳои сарди гуногун дарёфту мусодира карда шуданд. Дар ин бора аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба нафароне, ки зимни амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира карда шуд, чораҳои гуногуни таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла ҳабси маъмурӣ, нисбат ба волидайни ноболиғон протоколи маъмурӣ бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбат ба дигарон ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуданд.
Аз шаҳрвандони зерин: Менглиев Икром Эмомович, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Севостопол 13 — 2 адад корд, 2 адад бита, 3 адад кастет, 2 адад нунҷакӣ, 1 адад дубинкаи оҳанин ва 1 адад ниқоби сиёҳ;
-Боиров Манучеҳр Аҳмадҷонович, соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе- 1 адад кастет;
-Носиров Иброҳим Баҳриддинович, соли таваллудаш 2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Нодирова 37, хонандаи синфи 11 «а» -и МТМУ №13- 1 адад корд;
-Қаюмов Раҳматулло Нарзуллоевич, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ- як адад корд;
-Самадов Абдукарим Саъдуллоевич, соли таваллудаш 2004, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ 58, хонандаи синфи 8-и МТМУ №24- як адад дубинкаи оҳанин;
-Амриддини Сунатуллозода, соли таваллудаш 1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Рӯҳафзо, пеш бо моддаи 141 –и КҶ ҶТ суд шудааст, як адад корд;
-Мадниязов Мерет Раҳмонқулович, соли таваллудаш 1982, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷиликӯл, як адад корд;
-Азизов Абдураҳмон Сарахонович, соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Киров, як адад корд;
-Нурбоев Одил Гиёсович, соли таваллудаш 1964, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Шараф, як адад корд;
-Ҷурақулов Ҳомидҷон Ҳасанович, соли таваллудаш 01 майи соли 2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Тунис, бинои 1, як адад корд;
-Раҳимова Сурайё Саидмухторовна, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Маҳмадиев 8 адад корд мусодира гардид.
Чуноне аз таҳлилҳо бармеоянд, дар натиҷаи аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ намудани амалиёти профилактикӣ бо номи шартии «Корд» сар задани ҷиноятҳои авбошӣ, ки бо истифода аз силоҳи сард содир мегардиданд, хеле кам шудааст.
Фаъолияти шабонарӯзӣ ва баргузории ин амалиёт аз ҷониби милитсияи пойтахт ҷиҳати пешгирӣ ва кам гардидани содиршавии ҷиноятҳо бо истифода аз корд мусоидат намудааст. Вале мутаассифона, ҳолати нигаронкунанда ин аст, ки ҳанӯз ҳам ҳолатҳои бо худ гардонидани корд аз ҷониби ҷавонону ноболиғон, махсусан муҳассилини МТМУ ба чашм мерасанд. Зеро тибқи таҳлилҳо нафаре, ки бо худ силоҳи сард, аз ҷумла корд мегардонад, ҳатман дар камтарин нофаҳмиҳои лафзӣ аз он истифода мебарад, ки дар натиҷа ба оқибатҳои гӯшношунид меанҷомад.
Дар ин замина Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба ҳамаи он нафароне, ки дар ҷараёни баргузории ин амалиёт ба мақомоти милитсияи пойтахт кумак намуданд, изҳори минатдорӣ менамояд.
Бояд гуфт, ки баргузории амалиёти шартӣ бо номи «Корд» дар ҳудуди пойтахт ҷараён дошта, то пурра аз ҷомеа решакан намудани ин омили номатлуб милитсияи пойтахт бо он муборизаи беамон мебарад. Аз ин лиҳоз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бори дигар аз кулли шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки нисбат ба амалу рафтори фарзандони худ бетараф набошанд. Зеро дар бештари маврид маҳз аз сабаби бетарафӣ ва камназоратӣ баъзе ноболиғону ҷавонон ба роҳи хато рафта, номи худ ва пайвандонро доғдор месозанд.








Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд






