Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрноки боронӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 21.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 21 март ҳаво дар ҷумҳурӣ абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат борида, дар доманакӯҳҳо боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар Душанбе низ абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ҳолатҳо борон шиддат гирифта, ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. 22-23 март ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шабона 9+11 ва рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ Ҷамила Байдуллоева хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, 21 март дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, боридани борони шиддатнок дар назар аст. Ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. 22-23 март ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ин рӯзҳо шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат ба 22+27 дараҷа мерасад. 24 март низ боридани борон пешгӯӣ шудааст.
21-24 март дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд боридани боришоти шиддатнок ва раъду барқ дар назар буда, дар қисматҳои доманакӯҳӣ барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 15 +20 дараҷа гарм мешавад. Дар қисматҳои кӯҳии вилояти Суғд ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. 22 – 23 март ҳаво дар ин вилоят тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе мавридҳо то 15-20 метр як сония мевазад. Гармии ҳаво ба 20+25 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ 21-24 март ҳавои абрноки боронӣ пешбинӣ шудааст. Дар баландкӯҳҳои вилоят борон ва барф меборад. Асосан 21 март дар бархе ноҳияҳои тобеи марказ боридани бориши шиддатнок пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. 22-23 март ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ғарби вилоят боридани борон дар назар дошта шудааст. Дар шарқи Бадахшон ҳавои бебориш мешавад. Аз 22 то 24 март дар ин минтақа ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби Бадахшон шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






