Ишкошим: ба пешвози Наврӯзи Аҷам корҳои ободонию сабзазоркунӣ вусъат меёбанд
ДУШАНБЕ, 17.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба корҳои сабзазоркунии атрофи шуъба ва тоза намудани муҳити атроф шурӯъ карданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ин амали хешро масъулин ба фаро расидани фасли баҳор ва Наврӯзи байналмилалӣ вобаста дониста, изҳор намуданд, ки аз қадим аҷдодони мо ба пешвози Наврӯзи Аҷам хонаву дар, кӯчаю маҳаллаҳо ва тамоми ҷойҳоро тозаву озода намуда, ҷашнро бо шодию нишот ва рӯҳияи баланди ватанпарастию инсондӯстӣ пешвоз мегирифтанд.
Аз соли 2019 инҷониб бинои асосии шуъба вобаста ба талаботи сохтмонӣ таъмир гардида, қисми зиёди корҳо қариб ба анҷом расонида шудаанд.
Айни замон корҳои сафолакпӯш намудани роҳравҳои назди шуъба идома доранд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






