Ишкошим: ба пешвози Наврӯзи Аҷам корҳои ободонию сабзазоркунӣ вусъат меёбанд

Март 17, 2020 15:41

ДУШАНБЕ, 17.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони  Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба корҳои сабзазоркунии атрофи шуъба ва тоза намудани муҳити атроф   шурӯъ карданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ин амали хешро масъулин ба фаро расидани фасли баҳор ва Наврӯзи байналмилалӣ вобаста дониста, изҳор намуданд, ки аз қадим аҷдодони мо ба пешвози Наврӯзи Аҷам хонаву дар, кӯчаю маҳаллаҳо ва тамоми ҷойҳоро тозаву озода намуда, ҷашнро бо шодию нишот ва рӯҳияи баланди ватанпарастию инсондӯстӣ пешвоз мегирифтанд.

Аз соли 2019 инҷониб бинои асосии шуъба вобаста ба талаботи сохтмонӣ таъмир гардида, қисми зиёди корҳо қариб ба анҷом расонида шудаанд.

Айни замон  корҳои сафолакпӯш намудани роҳравҳои назди шуъба идома доранд.

Март 17, 2020 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад