«Истиқлол» даври аввали Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020-ро бо ғалаба оғоз кард
ДУШАНБЕ, 12.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар нахустин даври марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 дар гурӯҳи «D» ду даста аз Тоҷикистон — «Истиқлол» ва «Хуҷанд» бо ҳам рақобат карданд. Бозии дастаҳо хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби 2:0 ба суди дастаи футболи «Истиқлол» хотима ёфт. Дар ин дидор ҳарду голи ғолибонро Манучеҳр Ҷалилов ба нишон расонид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дастаи «Истиқлол» марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020-ро дар минтақаи марказӣ бо пирӯзӣ оғоз кард. Баъди ин пирӯзӣ дастаи «Истиқлол» соҳиби се имтиёз шуда, дар гурӯҳи «D» пешсаф гардид. Акнун дар даври дуюм- 15 апрел дастаи «Истиқлол» дар сафар бо дастаи «Алтин Асир» бозӣ мекунад.
Ҷоми КФО-2020
Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D». Даври 1-ум
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) – 2:0.
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 21 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 29 – аз пеналти (2:0).








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






