Кӯлоб: сокинон бо шукргузорӣ аз Ватани орому осоишта ба участкаҳои интихоботӣ омада, овоз дода истодаанд

Март 1, 2020 13:58

КӮЛОБ, 01.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Пиру ҷавони  шаҳри Кӯлоб бо табъи болида ва шукргузорӣ аз Ватани орому осоишта  ба участкаҳои интихоботӣ  омада,  овоз дода  истодаанд.

«Мо айни ҳол дар участкаи интихоботии №11 ва ҳавзаи 10-и шаҳри Қӯлоб қарор дорем. Тавре раиси участкаи интихоботии рақами 11 Меҳрубон Набиева зикр кард, дар участкаи интихоботӣ як ҳазору 234 нафар интихобкунандагон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 20 нафарашон 18-сола буда, бори аввал овоз медиҳанд. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки интихоботи имрӯза дар шаҳри Кӯлоб бо таври шаффоф ва дар сатҳи баланд хоҳад гузашт»,-гузориш  медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».

Бино ба иттилои хабарнигор, дар шаҳри Кӯлоб ҷамъи умумии овоздиҳандагон 108 ҳазору 887 нафарро дар бар гирифта, аз ин шумора 2 ҳазору 348 нафарашон бори аввал овоз медиҳанд. Ба беморон ва шахсони имконияташон маҳдуд куттии сайёр омода намудаанд, ки онҳо имкон доранд дар манзилҳояшон овоз  диҳанд.

Рустам Одинаев, ки дар  участкаи интихоботии мазкур  дар суҳбат гуфт, ки  бори аввал овоз медиҳад ва изҳор дошт «бовар дорам, ки овози ман дар интихобот ҳалкунанда буда,  номзадеро, ки дар интихобот  арзанда донистам дар рушди маҳал ва мамлакат   нақши  сазовор мегузорад.  Мо ҷавонон низ кӯшиш менамоем сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро амалӣ гардонем, чунки Пешвои миллат ҳамеша ҷавононро  дастгирӣ менамояд».

Зарангези Шариф як сокини дигари шаҳри Кӯлоб, ки ӯ низ бори аввал овоз медиҳад, гуфт, ки «мо ҳамеша аз давлату миллати   худ ифтихор дорем. Мутаасифона ҳастанд нафароне, ки барои иштирок дар маъракаи интихоботӣ бетаваҷҷуҳӣ зоҳир менамоянд, ки  ин қобили қабул нест.  Иштироки фаъол дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ  қарзи шаҳрвадии ҳар як нафар аст. Мо бояд дар иҷрои он масъулияти баланд эҳсос намоем».

Март 1, 2020 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон