Кадом роҳбарони давлатҳои ҷаҳон нияти ширкат варзидан дар ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Москваро доранд?

Март 10, 2020 12:42

ДУШАНБЕ, 10.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Интизор меравад, ки дар чорабиниҳое, ки  9 май дар Москва баргузор мешаванд, 10 миллион нафар меҳмонон  ва иштирокчиён ҳузур хоҳанд дошт. Маркази ҷашн Майдони Сурх хоҳад шуд, ки дар он Паради Ғалаба баргузор мешавад. Ба гуфти вазири мудофиаи Федератсияи Россия  Сергей Шойгу, он якуним соат идома ёфта, аз парадҳои қаблӣ бузургтар хоҳад буд. Бори аввал намунаҳои навтарини ракетаҳои зенитӣ, маҷмӯи ҳарбии мудофиаи зиддиҳавоӣ маҷмӯи мушакҳои соҳилӣ ва  маҷмӯи ракетии соҳилӣ, мошинҳои минагузории идорашаванда, танкҳо ва мошинҳои ҷангии қӯшунҳои пиёдагард ба кор дароварда мешаванд, хабар медиҳад ТАСС.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ  аз ҳамаи минтақаҳои Федератсияи Россия  меҳмонони асосии ҷашн хоҳанд буд. Ҳамчунин ба парад  роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои хориҷӣ даъват шуданд.

Ин рӯйхати  онҳоест, ки нияти дар чорабиниҳои ҷашнӣ иштирок кардан доранд:

Котиби генералии СММ – Антониу  Гутерриш

Президенти  Озарбойҷон Илҳом Алиев

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян

Президенти Булғористон Румен Радев

Президенти Ветнам  Нгуен Фу Чонг

Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди

Президенти Қазоқистон  Қосим – Жомарт Тоқаев

Президенти Кипр Никос Анастасиадис

Президенти Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков

Раиси ҶМЧ Си Сзинпин

Президенти Куба  Мигел Диас-Канел Бермудес

Герсоги бузурги  Люксембург  Анри

Президенти Молдовия  Игор Додон

Президенти Муғулистон Халтмаагийн Баттулга

Президенти Фаластин Маҳмуд  Аббос

Президенти Сербия Александар Вучич

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Франсия  Эммануэл  Макрон

Президенти Чехия Милош Земан

Роҳбари ВКХ –и Венгрия  Петер Сийярто

АКС АЗ ТАСС

Март 10, 2020 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид