Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: Бар асари сангрезӣ дар роҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд» касе осеб надидааст

Март 30, 2020 14:01

ДУШАНБЕ, 30.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шаби гузашта дар километри 45-уми роҳи мошингарди  «Душанбе-Хуҷанд» сангрезӣ ба амал омад ва бар асари он касе осеб надид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, сангрезӣ ва канда шудани як санги азим аз кӯҳ муддате роҳи «Душанбе-Хуҷанд»-ро баст ва баъдан ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ дубора ба роҳ монда шуд.

«Санги калон ба кабинаи мошини боркаш бархӯрд ва хушбахтона, ронанда осеб надид. Дар фурсати хеле кӯтоҳ масъулини филиали ширкати  «Innovative Road Solutions» роҳро аз сангу рег тоза карда, мошинҳо дубора ба ҳаракат даромаданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки хавфи омадани селу тарма ва сангрезӣ дар роҳҳои кӯҳии мамлакат ҳамоно боқӣ мондааст»,- омадааст дар иттилоияи манбаъ.

Гуфта мешавад, ки бар асари боронҳои шадид дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон хатари омадани сел, резиши сангу рег ва лағзиши тарма боқӣ мондааст. Ҳаракат дар роҳҳои мошингарди  «Душанбе – Хуҷанд», «Душанбе — Сангвор», «Душанбе — Лахш», «Душанбе -Ванҷ» ва «Хоруғ — Ишкошим» дар чунин рӯзҳо хавфи бештар дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз аҳолии мамлакат хоҳиш мекунад ҳангоми сафар тариқи роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд ва суръати ҳаракат дар роҳро баланд накунанд.

-Ҳоло дар роҳҳо хавфи селу сангрезӣ ва лағзиши тарма бартараф нашудааст, — ҳушдор додааст Кумита.

АКС: «Innovative Road Solutions»

Март 30, 2020 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд