«Маҷмааи тандурустии Истиқлол» барои дар ҳолатҳои зарурӣ ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандон омода мешавад
ДУШАНБЕ, 21.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» барои дар ҳолатҳои зарурӣ ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандон омода мегардад.
Тавре дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, иқдоми мазкур бо мақсади дар шароити хуб ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандон роҳандозӣ шуда, ба ҷуз аз ташхисгоҳ дигар ҳамаи шуъбаҳои муассисаи мазкур барои ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандони аз хориҷи мамлакат ба Тоҷикистон воридшуда омода карда мешаванд.
Холо дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» барои табибон семинарҳо вобаста ба пешгирии сирояти коронавирус гузаронида мешаванд.
То кунун дар ин муассиса барои пешгирии сирояти коронавирус як миқдор маводи тиббӣ, аз ҷумла ниқоб, либосҳои махсус, хлор, дастпӯшак ва маводи зиддивирусӣ захира карда шудаанд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






