Маркази маъмурии деҳоти «Ҳалевард» ба ҷои дигар кӯчонида мешавад
ДУШАНБЕ, 20.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Сарҳадҳои шаҳраки Балхи деҳоти «Ҳалевард»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тағйир дода шуда, маркази маъмурии деҳоти «Ҳалевард» ба ҷои дигар кӯчонида мешавад. Дар ин бора 19 март дар иҷлосияи бисту дуюми палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон- Маҷлиси миллӣ қарори марбута қабул гардид.
Раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ Муҳаммадюсуф Имомзода, ки ин масъаларо дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ шарҳ дод, гуфт, ки тағйир додани сарҳадҳои шаҳраки Балх ва деҳоти «Ҳалевард»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва ба ҷойи дигар кӯчонидани маркази маъмурии деҳоти «Ҳалевард» бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон сурат мегирад. Маркази маъмурии деҳоти «Ҳалевард», ки айни замон деҳаи Ёш-Ленинчӣ мебошад, баъди тағйири сарҳад ба қисми боқимондаи деҳаи Максим Горкий кӯчонида мешавад.
Зикр шуд, ки шаҳраки Балх маркази маъмурии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, дар самти ҷануби ҷумҳурӣ дар водии Вахш, дар масофаи 132 километр аз пойтахти мамлакат–шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Он ҳамчун маҳали аҳолинишин соли 1814 таъсис ёфтааст. Дар шаҳрак 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназияи давлатӣ, инчунин муассисаҳои табобатӣ, аз қабили маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, маркази саломатии ноҳиявӣ, маркази ВНМБ-и байниноҳиявӣ, марказҳои бемориҳои сил, чашм, пӯсту сирояти ҷинсӣ, дандонпизишкӣ, тарзи ташаккули ҳаёти солим, ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, эмтаъминкунӣ ва солимии репродуктивӣ фаъолият доранд.
Шумораи аҳолии шаҳраки Балх то 1 марти соли 2017 19100 нафарро ташкил додааст. Деҳаҳои Ёш-Ленинчӣ, Тимошенко, Ғалаба, қисман деҳаҳои Гагарин, Истгоҳи Киров, Максим Горкий ва Ленингради деҳоти «Ҳалевард» ба шаҳраки Балх наздиканд. Дар самти ғарбии шаҳрак шаҳристони қадимаи бостоншиносӣ мавҷуд мебошад, ки дар он ҳафриёти шаҳристони қадимаи Кофирқалъа гузаронида мешавад. Минбаъд шаҳристон ба маркази ҷалби сайёҳон табдил ва дар он инфрасохтори марбута, аз қабили меҳмонхонаҳо, қаҳвахонаю мавзеи муҳофизатии табиат бунёд карда мешаванд.








Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд






