«Матбуот — ифодакунандаи афкору эҳсоси ҳамарӯзаи мардум» — ҳамоиши идона дар Хуҷанд
ДУШАНБЕ, 05.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба нақш ва аҳамияти матбуот дар ташаккули афкори ҷомеа, тарғиби арзишҳои волои инсонӣ, саҳми он дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҷомеа ва инчунин ба ифтихори 108-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик 4 март таҳти унвони «Матбуот — ифодакунандаи афкору эҳсоси ҳамарӯзаи мардум» бо иштироки собиқадорони матбуот ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд Абдуаҳад Шарифзода, ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода иброз намуд, ки “имрӯз ҷойгоҳи иттилоот дар соҳаҳои мухталифи идораи давлатӣ аҳамияти бештар касб карда, ба соҳаи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма эътибори бештар зоҳир мегардад. Ҳоло воситаҳои ахбори омма воқеан сипари боэътимоди давлат, дастгоҳи тавонои хабарӣ, муҳофизи манфиатҳои миллӣ ва амнияти давлат, ташаккулдиҳандаи афкори ҷомеа ва тарғибгари арзишҳои волои инсонӣ ба ҳисоб мераванд”.
Рӯзноманигорони шинохтаи вилоят, дорандаи Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ Карими Шариф, нависанда, рӯзноманигор Бобоҷон Икромов, Шоири халқии Тоҷикистон Толиби Озарахш, сармуҳаррири рӯзномаи «Согдийская правда» Исҳоқҷон Зокиров ва сармуҳаррири нашрияи “Маъвои Хирад” Солеҳи Зарифзод доир ба таърих, нақш ва аҳамияти матбуоти тоҷик андешаҳои худро баён намуданд.
Зикр гардид, ки ҷомеаи демократӣ ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари рӯзноманигорон ниёз дошта, афзоиши теъдоди нашрияҳо баёнгари он аст, ки дар мамлакат ба арзишҳои демократӣ арҷ гузошта мешавад.
Дар интиҳо ба истиқболи Рӯзи матбуот чанд нафар рӯзноманигорон ва кормандони донишгоҳ бо туҳфаву сипосномаҳо қадршиносӣ гардиданд.








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






