Меркел ба бастани сарҳадҳо бинобар коронавирус мухолиф баромад

Март 12, 2020 11:46

ДУШАНБЕ, 12.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Канслери Ҷумҳурии Федеративии Германия Ангела Меркел дар нишасти матбуотӣ дар Берлин гуфт, ки баста шудани сарҳад посухи мувофиқ ба мушкилоти коронавирус нест. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» иттилоъ додааст.

«Мо дар Германия чунин мешуморем, ки баста шудани сарҳад посухи мувофиқ ба мушкилот нест»,-гуфт Меркел ва илова кард, ки карантини хонагӣ метавонад як тадбири қобили қабул бошад, ки паҳншавии ин бемориро дар  ҳолате, ки агар  одамони сироятшуда аз минтақаҳои осебпазир меоянд, коҳиш диҳад.

Рӯзи чоршанбе дар бораи фавти се нафар  аз коронавирус дар Германия хабар дода шуд. Ҳама ҳолатҳо дар Рейн-Вестфалияи шимолӣ ба қайд гирифта шуданд, аз ҷумла, дар шаҳри Эссен зани 89-сола ва дар ноҳияи Хайнсберг боз ду нафар фавтиданд. Ғайр аз ин, рӯзи якшанбе дар Миср як сайёҳ аз Гамбург аз коронавирус даргузашт. Рӯзи сешанбе Институти Роберт Кох хабар дод, ки дар Германия 1,139 ҳолати марбут ба коронавирус тасдиқ шудааст.

Март 12, 2020 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид