«МО ҲАМСАФАРЕМ». «Газпром нефт – Тоҷикистон» ва «ҶСП Спитамен Бонк» ҳамкориро тавсеа медиҳанд

Март 16, 2020 16:00

ДУШАНБЕ, 16.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ин аввалин корти брендӣ дар кишвар аст, ки дорандагони он метавонанд дар шабакаи «Газпром нефт»-и Тоҷикистон сӯзишворӣ харидорӣ намуда, дар доираи барномаи вафодории «Мо ҳамсафарем», балл ҷамъ кунанд. 

11- уми март, «Газпром нефт -Тоҷикистон» ва Спитамен Бонк оид ба баровардани кортҳои брендӣ барои ҳисоббаробаркунӣ дар нуқтаҳои сӯзишвории шабакаи «Газпром нефт» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Созишнома шарикии дарозмуддатро барои зиёд кардани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои системаи миллии пардохтҳои «Корти Миллӣ» ва системаи байналмилалии пардохти UnionPay пешбинӣ менамояд. Ҷонибҳо инчунин ният доранд дар таҳияи барномаҳои муштарак оид ба ҳавасмандкунии пардохтҳои ғайринақдӣ фаъолона ширкат варзанд. Аз ҷумла, барои муштариёне, ки кортҳои бренди Спитамен Бонкро дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шабакаи «Газпром нефт» истифода мебаранд, баргардонидани маблағ  ба тариқи кешбек то 6% пешбинӣ шудааст.

Директори генералии ҶДММ «Газпром нефт-Тоҷикистон» Фарҳод Мирзоев дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» чунин иброз дошт: «Барои шабакаи НФС “Газпром нефт» дар Тоҷикистон манфиатҳои мизоҷон дар мадди аввал мебошанд. Мо мекӯшем, ки хизматрасониҳоямонро беҳтар намоем, то бароҳатии роҳбаладонро дар истгоҳҳои шабака таъмин кунем. Аз ин рӯ, мо дар шарикӣ бо Спитамен Бонк кортҳои муштарак баровардем. Чунин корт функсияҳои корти пардохтии муқаррарии бонкӣ ва корти барномаи вафодории «Мо Ҳамсафарем» -ро дар бар мегирад. Он ба мизоҷон имкон медиҳад, ки ҳангоми пардохти молҳо ва хизматрасониҳо дар нуқтаҳои сӯзишвории «Газпром нефт» балл ҷамъоварӣ намоянд. Мутмаинам, ки ҳамҷоя кардани низомҳои пардохтии миллӣ ва байналмилалӣ ба оммавӣ кардани пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҷумҳурӣ натиҷаи мусбӣ хоҳад дод. Рушди тиҷорати рақамӣ солҳои охир дар ҷумҳурӣ ба пешрафти назаррас ноил шудааст. Эътимоди аҳолӣ ба пардохтҳои ғайринақдӣ афзоиш меёбад, ки боиси паҳншавии ин хизматрасонӣ гардидааст».

Муовини аввали Раиси Раёсати «Спитамен Бонк» Умедҷон Ҳикматов иброз дошт, ки: «Омода кардан ва рушд додани хизматрасониҳои дастрас барои тавсеаи доираи истифодаи кортҳои бонкии низоми миллии пардохтӣ «Корти Миллӣ» ва низоми байналмиллалии “UnionPay» дар ҳаёти ҳаррӯза яке аз самтҳои муҳими фаъолияти «Спитамен Бонк» мебошад. Барои мо хеле муҳим аст, ки раванди пардохти кортҳо то ҳадди имкон қулай ва фоидаовар карда шавад».

Маълумоти АМИТ «Ховар»: 

Корти кобрендингӣ кортест, ки аз ҷониби бонк дар якҷоягӣ бо ширкати шарик бароварда мешавад. Ҳангоми истифодаи кобрендкорт ва пардохти мол ва хизматрасониҳо бо он, ба мизоҷон тахфиф ва мукофотпулии иловагӣ дастрасанд.

 

Март 16, 2020 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!