МОДАРОНЕ, КИ ҚАҲРАМОНРО БА ДУНЁ ОВАРДААНД. Дар Рӯзи Модар АМИТ «Ховар» бонувонеро муаррифӣ мекунад, ки номашон дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 08.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 марти соли 2009 дар бораи Рӯзи Модар эълон намудани 8 март фармон ба имзо расониданд.
Инак, соли 11-ум аст, ки дар Тоҷикистон Рӯзи Модар бо шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Албатта, арҷгузории баланд ба Зан-Модари тоҷик бе замина нест, зеро ӯст, ки бузургону нобиғагони зиёдро ба олам додааст, яъне саҳми бузурге дар тарбияту камолоти онҳо ва бад-ин восита дар маънавиёти башар гузоштааст.
Бахшида ба Рӯзи Модар аз модарони қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шоҳтемур, ки чунин абардмардҳои ба халқу Ватан содиқ ва ҷонфидоро парвардаанд, ёд меорем.
«Ба ҳазор дароӣ, писарам»…
Асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ гарчанде дар хурдсолӣ аз падару модар ятим монда бошад ҳам, модарашро дар бисёр навиштаҳояш бо меҳрубонӣ ба ёд овардааст. Зеро модари меҳубони устод Айнӣ барои донишманд шудани фарзандаш талоши зиёд мекардааст.
Доктори илми филология, профессор Аламхон Кучаров мегӯяд, ки модари устод Садриддин Айнӣ номи зебои тоҷикона- Зеварой доштааст. Ин зани солеҳаву оқила дар оила хеле сарфакор будааст, агар каме биринҷ ё равған медоштааст, аз он каму беш истифода бурда, ягон чизи нағз мепухтааст. Ӯ маротибае ҳам оилаашро бе ғизо намемондаст. Аз ин рӯ, устод Садриддин Айнӣ дар китоби “Ёддоштҳо” мақоли маъмули тоҷикӣ- “Сарфаи сари оташдон-савдогари Ҳиндустон”-ро истифода бурдааст, ки онро борҳо аз забони модараш шунида будааст.Вақте ки аъзои оила ба вабо гирифтор мешаванду вафот мекунанд, модари Айнӣ ҳам хеле лоғару бемадор мешавад ва тағояш ӯро аз деҳаи Соктаре ба Маҳаллаи Боло ба хонаи модараш мебарад. Дар он ҷо Айнӣ хизмати модарашро дар вақти беморӣ ба ҷо меорад ва ҳаминро ҳам ба ёд оварда менависад, ки “вақте модарам дар бистари беморӣ лоғару бемадор буд, ман аз вай чашмонамро мегурезондам, то ашкамро набинад”. Ҳамин хизматҳояш буд, ки модараш ҳангоми ҷон додан мегӯяд: “Ба ҳазор дароӣ, писарам”… Ин суханони вопасини модари устод Айнӣ будаанд, ки вақти алвидоъ гуфтан ба забон овардааст…
Ин дуои модар мустаҷоб гардид, номи устод Садриддин Айнӣ дар таърихи миллати тоҷик бо асарҳои безаволашон ва хизмати шоистаашон абадан зинда хоҳад монд.
РОЗИЯ ОЗОД — модари Бобоҷон Ғафуров
Модари академик Бобоҷон Ғафуров шоираи тоҷик Ғафурова Розия Бойматовна буда, бо тахаллуси Розия Озод шеър менавишт ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Дар ташаккули Бобоҷон Ғафуров чун инсони комилу хоксор, ватандӯст, олими нуктасанҷ модари маърифатпарвари ӯ нақши барҷаста гузоштааст.
Розия Озод 17 январи соли 1893 дар деҳаи Исфисори ноҳияи Ғафуров ба дунё омадааст. Падару модар зеҳни тез, ақли расо ва меҳру муҳаббат доштани Розияи хурдакакро нисбат ба китоб эҳсос намуда, новобаста аз зиндагии тоқатфарсо ӯро ба мактаби кӯҳнаи духтарона месупоранд. Дар муддати кӯтоҳ Розияи ҷавон бо зеҳни тозаю фаҳмиши баланди худ аз дугонаҳояш пеш гузашта, ба мутолиаи асарҳои классикони адабиёти тоҷик, хусусан ба хондани осори бою пурғановати Ҳофизу Бедил оғоз менамояд. Розия Озод гузаштаҳои талх, азобу машаққати дар ҷавонию миёнаумрӣ кашидаашро бо ҳасрат ба қалам медиҳад.
Розия Озод, ки шахси равшанзамире буд, тавонист дар замири фарзандонаш Бобоҷон Ғафуров ва Тоҷиниссо Ғафурова ватандӯстию меҳнатдӯстӣ парварад ва онҳоро ба роҳи инсондӯстию накӯкорӣ ҳидоят намояд.
БИБӢ МАРЯМ — модари Эмомалӣ Раҳмон
Модари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо исми Бибӣ Марям яке аз модарони маҳбуб ва соҳибэҳтироми на танҳо сокинони Тоҷикистон, балки кулли тоҷикони дунё маҳсуб мешаванд.
Маҳз ҳамин зани оқила соли 1952 фарзандеро ба дунё оварда, ӯро бо меҳнати ҳалолу бурдборона, шабҳои бехобӣ ва дуову каломи нек ба камол расонидааст, ки ин фарзанди худодод дар 41-солагӣ ба маснади Сарвари давлат менишинад ва дар шароити ниҳоят душвор тақдири як мамлаакт ва як халқи куҳанбунёдро ба дасти худ мегирад. Фарзанде, ки хизматҳои беназираш барои ин мардум ва ин сарзамин дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои зарин мусаббат хоҳанд гашт.
Дуои модар бисёр бузург аст. Тоҷикон, умуман дигар халқҳо низ, чунин мешуморанд, ки фарзанде, ки дуои неки модарро гирифтааст, неруманд ва шикастнопазир хоҳад шуд.
Тавре Пешвои миллат борҳо иброз доштаанд, дар лаҳзаҳои душвортарини ҳаёт ҳамдаму маслиҳатгар ва дуогуи он кас маҳз модарашон буданд.
Сарвари давлат дар мулоқот бо мардум ҳамеша таъкид мекунанд, ки
«Модар бузургу муқаддас аст, дуои неки ӯ инсонро аз ҳамаи баду бало нигаҳбон мешавад, ба кас қувваю илҳом мебахшад ва ба сӯи корномаҳои бузург раҳнамун месозад. Ҳатто гармии офтоб ба ҳарорати сӯзони қалбу муҳаббати модар нисбат ба фарзанд баробар шуда наметавонад. Ҳамеша ба модарони худ арҷ гузоред, эҳтироми онҳро ба ҷо варед, то баъди сари онҳо пушаймон нашавед».
Дар пйесаи драманависи тоҷик Абдуғаффор Абдуҷаббор «Назаркарда», ки ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, образи (тимсоли) Фаришта ҳаст. Дар саҳнаи нахуст Раиси тозаинтихоб бо тааҷҷуб ба нишастагони толор менигарад, зеро интизори онро надошт, ки чунин масъулияти бузург ба дӯшаш меафтад. Вале чун мебинад, ки ҳозирин бо чашмони умед ба ӯ менигаранд, аз ҷой бармехезад ва бо қадамҳои устувор сӯи минбар меравад. Садои ботини ӯ аз Худо мадад мехоҳад. Дар ҷавоб Фаришта аз осмон поин мешавад ва дар паҳлӯяш меистад ва мегӯяд: «Худованд на ҳар касро ба тахти шоҳӣ арзанда медонад». Ӯ ба Раис хотиррасон менамояд, ки аз лаҳзаи ба дунё омаданаш ҳамроҳи ӯст.
Дар саҳнаи дигар боз ҳамон толори маҷлис тасвир ёфтааст. Садои касе ба гӯш меояд, ки ҳасби ҳоли Раиси тозаинтихобро қироат мекунад. Дар баробари ин садо садоҳои канда-кандаи нотавонбиноне аз ҳар гӯшаву канори толор шунида мешаванд: «Мебинем канӣ чӣ кор мекунад…». Боз Фаришта назди Раис ҳозир мешавад ва оҳиста мехоҳад барояш як маслиҳат диҳад. Вале сараввал ривоятеро дар бораи Довуд ва Сулаймон ба гӯшаш мерасонад. Худованд ба шоҳ Сулаймон сарвату ганҷи беҳисоб ваъда мекунад, ба шарте, ки шоҳ бо мардум аз рӯи адолат муносибат кунад ва тамоми қувваю ғайраташро дар роҳи хидмат ба ин мардум ва ин сарзамин сарф намояд. Фаришта изҳори итминон менамояд, ки Раиси тозаинтихоб маҳз ҳамин гуна сарварӣ хоҳад кард.
Боз як саҳна: дар он Фаришта боз дар паҳлӯи Раис пайдо мешавад ва ба ӯ хотиррасон менамояд, ки Раис чӣ қадар роҳи пур аз шебу фарозро тай намуд, то ки кишвари худро обод ва мардуми онро сарбаланду соадатманд гардонад. Ҳарду қаноатманданд.
Ва ниҳоят, саҳнаи охир: Эмомалӣ Раҳмон аллакай чун сиёсатмадори ботаҷриба шинохта шудааст. Аз минбари Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тоҷикон ва Тоҷикистон сухан мегӯяд ва садояш дар зовияҳои гуногуни олам паҳн мегардад. Эмомалӣ Раҳмон ба дараҷаи ходими барҷастаи сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ расидааст.
Ва акнун ӯ ба хубӣ дарк менамояд, ки он Фаришта, ки дар ҳама ҷо ва сари ҳар қадам ба кӯмакаш меомад, Модараш буд. Ва шоирон шеър иншо мекунанд, оҳангсозон оҳанг эҷод мекунанд: «Модар фаришта буд…».
Ин Фаришта имрӯз низ бо фарзанди худ, бо Пешвои миллат аст, ҳарчанд ҷисман аз олам гузаштааст. Ӯ дар хотир ва дар қалби фарзанди накӯномаш зинда аст.
Бибӣ Марями соҳибҷамол ва зани босаводу дурандеш 23 ноябри соли 2004 дар синни 94 вафот кард ва дар ноҳияи Данғара ба хок супорида шуд.
ХОЛБИБӢ- модари Мирзо Турсунзода
Модари устод Мирзо Турсунзода Холбибӣ ном дошта, зодаи Қаратоғ ва зани хоксору нексиришт ва соҳиби хату саводи диниву дунявӣ будааст.
Мардумшинос Рӯҳулло Ҷӯрабоев дар баробари он ки аз соли 1988 инҷониб роҳбарии Осорхонаи санъати амалию халқии ба номи Мирзо Турсунзодаро ба уҳда дорад, инчунин ба таҳқиқи ҳаёту фаъолият ва зиндагиномаи устод Мирзо Турсунзода машғул мебошад.
Бино ба гуфтаи мавсуф, Холбибӣ соли 1920 аз сабаби хуруҷи бемории вабо дар синни 58 аз олам чашм пӯшидааст. Он замон Мирзои хурдсол дар деҳаи Қаратоғи водии Ҳисор зиндагӣ мекард ва ҳамагӣ 9 сол дошт. Яъне Мирзо Турсунзода дар овони хурдсолӣ аз меҳру навозиши модар маҳрум монд.
Пас аз марги модар солҳои 1924-1925 Мирзои хурдсол таҳсилро дар мактаб-интернат таҳсил карда, сипас ба Душанбе омада, хонданро идома дод.
Модари ӯ бо меҳрубониву ғамхорӣ ва босаводӣ миёни мардум маҳбубияти зиёд дошт. Холбибӣ қобилияти бо хати форсӣ хондан ва навиштан дошт.
Васфу дӯстдории модари Мирзо Турсунзодаро метавон дар шеъри зерини ӯ дарёфт, ки гуфтааст:
МОДАРАМ
Тифл мондам аз ту, модар, рӯйи ту дар ёд нест,
Қомати ту, чашми ту, абрӯйи ту дар ёд нест.
Дар суроғат мезанам худро бар ҳар як кӯю дар,
Чунки то имрӯз, модар, кӯйи ту дар ёд нест.
Рафтам аз занҳои пири деҳа кардам ҷустуҷӯ,
Рафта бо санги мазори ту намудам гуфтугӯ,
Гӯш кардам рафта ҳар як ҷунбиши шохи дарахт,
Бо гиёҳу сабзаҳои дашт гаштам рӯбарӯ.
Рӯд мегуфтам, ки ӯ оби маро нӯшида буд,
Кӯҳ мегуфтам, ки дар оғӯши ман кӯшида буд,
Ғӯза мегуфтам, ки карбоси маро пӯшида буд,
Доя мегуфтам, ки бо ман шири гав дӯшида буд.
Чашма мегуфтам, ки омад кӯза бар сар пеши ман,
Хор мегуфтам, ки пояш кард захмин неши ман,
Барқ мегуфтам, ки аз ман буд чашмаш дар гурез,
Абр мегуфтам, ки буд дар гиря кардан хеши ман.
Шаҳд дар комаш ҳамеша талхтар аз заҳр буд,
Ҳам шариат, ҳам тариқат сарвари бадқаҳр буд,
Модари бечораи ту, мухтасар, сар то ба по,
Як зани н-осудаю як муштипар дар даҳр буд.
Як зани дигар, ки дар деҳ беш аз сад сол дошт,
Модарат, -мегуфт ӯ, дар кунҷи лаб як хол дошт.
Кулчарӯ, занҷирмӯ, дар қадду қомат чун ниҳол,
Гар саволе ояд аз мулло, забони лол дошт.
Модарам, дар ёди ту гашту гузоре мекунам,
Баҳри меҳри ту дили худро мазоре мекунам,
Хизмати шоиста бар ёру диёре мекунам,
Назми худро бар сари қабрат шиоре мекунам.
Дӯст дорам, модарам, бо ёди ту қишлоқро,
Рӯдҳои нуқрагину нилгун офоқро,
Ҷилвагар дар боми мактаб лолагун байроқро,
Ҳамзамон қишлоқиёни дар муҳаббат тоқро.
Шеър гӯям, ояд аз шеърам садои модарам,
Деҳа гӯям, дар сарам ояд ҳавои модарам,
Солхӯрда гар зане рӯзе дучор ояд ба ман,
Гӯямаш, ки бош, то ҳастам, ба ҷои модарам!
ШАРИФМО- модари Нусратулло Махсум
Модари Нусратулло Махсум — яке аз нахустин поягузорони давлати миллии тоҷикон дар солҳои 20-уми қарни ХХ, ки аз роҳбарии Кумитаи инқилобии ноҳияи Ғарм то раисии Кумитаи иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон фаъолият намуда буд, Шарифмо ном доштааст.
Ёдовар мешавем, ки Нусратулло Махсум 27 июни соли 2006 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоиста дар назди халқу давлат бо унвони олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардида буд.
Бону Шарифмо дар баробари зани покдоману нексиришт будан аз хату савод низ бархӯрдор буд.
Модари Нусратулло зани ниҳоят меҳрубону нисбат ба дигарон хушбин будааст. Ӯ на танҳо дар таълиму тарбияи шоистаи фарзандони худ, балки дар хату саводомӯзии занони дигари деҳа низ нақши назаррас дошта, ба онҳо дар умури рӯзгордорӣ ва барпо намудани тӯю дигар маъракаҳо кумаку машварат медодааст.
Нусратулло Махсум то соли 1897 дар оила ҳамроҳи падару модар зиндагӣ мекард. Бо расидан ба синни 16 ӯ ба хотири мардикорӣ ва таҳсил ба Фарғона сафар карда, 8 сол он ҷо монд. Дар Фарғона маълумоти динӣ гирифт ва забонҳои русию туркиро аз худ намуд. Соли 1905 ба зодгоҳаш -деҳаи Чашмаи Кӯзии амлокдории Қазноқ (ҳоло Ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсум) баргашт.
Дар бораи модари Нусратулло маълумоти ғание мавҷуд нест, аммо эҳсоси адолатпарварӣ, озодихоҳӣ, меҳнатдӯстӣ, ҷасорат ва пешвоиро ӯ маҳз аз модари донишманду пешоҳангаш Шарифмо омӯхтааст.
Нусратулло Махсум дар оилаи деҳқони камбағал дар ноҳияи Ғарм таваллуд шудааст. Волидайни ӯ маълумоти динӣ доштанд, бахусус модараш Шарифмо, ки ба нақли ҳолдонҳо, зани аз лиҳози динӣ босавод, шеърдӯст ва ҳатто бедилшинос низ ривоят шудааст. Маҳз ҳамин хислатҳои ин зани отифа барои саводи ибтидоӣ гирифтани Нусратулло ва ҳамчун ҷавони ҷасуру боғайрат ва босавод ба камол расидани ӯ замина гузоштанд. Яке аз сабабҳои «Махсум» мулаққаб шудани ӯ низ дар ҳамин мебошад.
Хизматҳои барҷастаи Нусратулло Махсум дар назди халқу Ватан номи ӯ ва модари меҳрубонаш Шарифморо то абад нигоҳ хоҳанд дошт.
МАЙСАРА — модари Шириншо Шоҳтемур
Шириншо Шотемур аз модараш дар овони хурдсолӣ ятим мондааст ва дар бораи модараш маълумоти зиёд ҳам вуҷуд надорад. Аммо Шакарбону Шотемурова аз суханони падараш, ки бародари Шириншо будааст, лаҳзаҳоро ба ёд оварда, мегӯяд, ки модараш Майсара ном доштааст. Ин зани одии деҳотӣ 6 писар ва 5 духтарашро то зинда буданаш саробонӣ мекардаст.
Як хешованди дигари Майсара кампири Саодат нақл мекунад, ки баъд аз вафоти падару модар сарпарастии ин хонаводаи калонро бародари калонӣ- Мамадаслам ба уҳда дошт. Ҳарчанд бародари калонӣ саъй мекард, ки оилааш худро орому осуда ҳис кунад, аммо фироқи волидони кӯтоҳумр, ҳасрати ятимӣ, дарду алами бенавоӣ ҳар дам думболагири онҳо буд. Мамадаслам медонист, ки назар ба дигар бародарону хоҳарон Шириншо дар пеши модараш дарси бештар меомӯхт, аз ин рӯ ӯро ба назди муаллими деҳа- охон Шоҳзодаэрон бурд. Шириншо аз рӯзҳои аввал дар байни шарикдарсон пешсаф буд, зеро он чӣ ки муаллим ба шогирдони худ ёд медод, Шоҳтемур аз модараш омӯхта буд. Ҳусни хаташ ҳам хеле зебо буд. Ҳамин тавр насиҳатҳои пайвастаи модараш роҳи Шириншо Шоҳтемурро ба сӯи илму дониш ва ҷаҳони бузург боз намуд.
Замоне дар Петербург Шириншо Шотемур ҳангоми як ҳамдеҳаашро вохӯрдан бо ашки ҷонсӯз аз модар ва аҳли деҳа пурсида, ба ёд овардааст, ки “дар кӯдакиам дар он макон подабонӣ мекардам ва модарам пиёда роҳи дурро тай намуда, ба ман хӯрок меовард, то ман аз гуруснагӣ ба фалокате дучор нагардам ва маро насиҳату дилдорӣ медод”.
Маҳз ҳамин суханони модараш буд, ки Шотемур ба бенавоию камбағалиаш нигоҳ накарда, соҳиби хатту савод шуд, аммо афсӯс умр вафо накард ва қаҳрамони миллат Шириншо Шоҳтемур на танҳо аз дидори модар, балки аз ёру диёр низ ҷудо гардид.
***
Мурод аз таҳияи ин мавод ва дар Рӯзи Модар бори дигар ба ёд овардани занони бузург-қаҳрамонзодагон ин аст, ки ситоиш аз бузургию оламафрӯзии модарон намоем.
Бори дигар ин нуктаро бояд таъкид намуд, ки маҳз ҳамин модарон бузург будаанд, зеро қаҳрамонони давр-давлатмардон, бузургон, сиёсатмадорон ва таърихнигоронро зодаву дар домони хеш парваридаанд.
Зеро зиндагии ҳар фарди ҷомеа аз меҳру муҳаббат ва сидқу вафодории Зан – Модар маъво мегирад. Зан чароғи мунаввари хонадон, ҳидоятгари ахлоқи нек ва дастгиру наҷотбахши ҳамешагии мост. Фазилати оливу рушду нумӯи ҷомеа аз талошҳои пайвастаи онҳо сарчашма мегирад!
Зан офарандаи нотакрори табиат, асоси саодатмандиву шукуфоӣ ва хулоса, неруи пешбарандаи ҷомеа аст. Саодату сарфарозии мардум аз тинати поку ҳидояти неки модарон ва заҳмати шоистаи занони сарбаланду нозанини мост. Танҳо зани покгавҳар, нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад.
Таҳияи София ШОИК,
Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»