Муовини Вазири корҳои дохилӣ Маҳмадсаид Саидзода ва Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон тақвияти ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Март 13, 2020 10:30

ДУШАНБЕ, 13.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  12 март зимни мулоқоти муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Маҳмадсаид Саидзода бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Абдулазиз ал-Бодӣ масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти корҳои дохилии ҳарду давлат дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, терроризм, экстремизм ва дигар паҳлуҳои ҳамкории дуҷониба мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифтанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Маҳмадсаид Саидзода ба Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Абдулазиз ал-Бодӣ барои ҳамкории мутақобилан судманд изҳори миннатдории самимӣ намуд.

Зикр гардид, ки ин ҳамкорӣ аз муносибатҳои дӯстонаи Сарони  ҳарду давлат маншаъ гирифта, ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодиро дар бар мегирад. Муҳаммад Абдулазиз ал-Бодӣ зикр кард, ки давлати Арабистони Саудӣ кӯшиш дорад, то ҳамкориҳои худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа бахшад. Зеро мардуми Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо ҳам дӯсту бародар буда, риштаи дӯстиву рафоқат миёни онҳо оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид.

Март 13, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд