Муроҷиати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар робита ба ҷорӣ гардидани маҳдудияти вуруд ба Қирғизистон
ДУШАНБЕ, 19.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии коронавируси нав (COVID-19) дар Қирғизистон аз 19 марти соли 2020 маҳдудияти ворид шудан ба хоки он кишвар ҷорӣ гардид.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин робита тавсия медиҳад, ки шаҳрвандони мамлакат дар айни замон аз сафар ба Ҷумҳурии Қирғизистон худдорӣ намоянд.
Бояд таъкид кард, ки маҳдудияти мазкур нисбат ба ронандагони автомобилҳои боркаш ва сарнишинони ҳавопаймоҳо татбиқ намегардад.Хуруҷи шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон мувофиқи қонунгузории он кишвар сурат мегирад.
Хотиррасон мекунем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қирғизистон қарор доранд, дар ҳолати зарурат метавонанд ба намояндагии дипломатии мо муроҷиат кунанд:
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон
Суроға: ш.Бишкек 720031 к. Кара-Даринская х.36
Тел: (+996 312) 51 16 37; 51 23 43
Е-mail: tjemb.kg@mfa.tj








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






