Муроҷиатномаи Шӯрои уламо ба мардуми шарифи Тоҷикистон дар робита ба пешгирии сирояти коронавирус

Март 4, 2020 17:07

ДУШАНБЕ, 04.03.2020. /АМИТ «Ховар/». Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома дар сомонаи расмии худ аз мардуми мамлакат даъват ба амал овардааст, ки аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо, ба истиснои намози ҷаноза муваққатан худдорӣ намоянд. Матни пурраи муроҷиатномаро, ки дастраси АМИТ «Ховар» гардид, манзури хонандагон мегардонем.

— Ҳамватанони азиз!

Муддати зиёда аз ду моҳ мешавад, ки ҷаҳони имрӯзро зуҳури вируси Covid-19 бо номи коронавирус ба ташвиш овардааст. Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии Тандурустӣ, то 2 март шумораи гирифторон аз марзи 90 ҳазор нафар гузашт, ки беш аз 80 ҳазори онҳо дар Чин ҳастанд.

Тибқи гузориши манбаъҳои иттилоотии байналмилалӣ, ин беморӣ ҳоло дар саросари ҷаҳон дар ҳоли паҳн шудан аст ва талафоти инсониву иқтисодӣ дар пай дорад. Рӯзҳои охир мавридҳои гирифтор  шудан ба ин беморӣ дар бисёре аз кишварҳо ба назар расидаанд.

Инсоният дар тӯли таърихи зиндагӣ чунин фоҷеаҳо ва офатҳоро борҳо аз сар гузаронидааст. Шариати Ислом дар чунин ҳолатҳо ба мардум тавсияҳои мушаххас додааст.

Аз Расули акрам (с) ривоят аст, ки фармуданд: «Чун шунидед, ки дар сарзамине тоун пайдо шудааст, ба он ҷо ворид нашавед ва агар ин тоун дар сарзамине зуҳур кард ва шумо дар он ҷо бошед, пас аз он ҷо хориҷ нашавед». (Ба ривояти Бухорӣ).

Ҳаёти инсон дар Ислом баҳои хеле баланд дорад: он ҳадяи Аллоҳ ба шумор меравад. Имрӯзҳо яке аз назарияҳои илмӣ ин аст, ки пешгирӣ аз беморӣ беҳтар аз муолиҷаи он аст. Мувофиқи таълимоти Ислом, мусулмонон набояд фикр кунанд, ки ҳаёти онҳо дар ихтиёри худашон мебошад ва бо он ҳар чӣ хоҳанд, карда метавонанд. Аллоҳ ба инсон ҳаётро бовар кардааст ва таълимоти исломӣ ҳам ин ҳақиқатро тасдиқ менамояд.

Масалан, Ислом мусулмононро ба табобат намудани бемориҳои худ ташвиқу тарғиб менамояд. Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «ҳар дарде давое дорад, ҳар гоҳ даво ба дард расад, бемор ба хости Худованди азза ва ҷалла беҳбудӣ меёбад» (Ба ривояти Муслим).

Раёсати Шӯрои уламо ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ба мардуми мамлакат муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки нисбат ба чунин вазъият бетаваҷҷуҳ набошанд ва аз ҳама гуна амале, ки ба саломатии ҷисмонӣ ва равониашон зарар дорад, худдорӣ намоянд. Аз ҷумла, ба масъалаи таваккул ва такя ба Парвардигор, ҳамзамон ба риояи назофат ва гигиенаи шахсӣ диққати ҷиддӣ дода, ба тозагии хӯрок, ҷойи хобу фазои хона, дур кардани партовҳо аз муҳити зист, ҳамеша шустани дастҳо, пок кардани дандонҳо бо мисвок ва хамираи дандоншӯӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

Ин тавсияҳо дар фармудаҳои Расули Худо (с) борҳо таъкид шудаанд, чунончи дар ҳадис омадааст, ки аз суннатҳои завоид (яъне иловагӣ) «таҳорат пеш аз таом ва баъд аз таом аст».

Яъне таҳорати пеш аз таом ва баъд аз он иборат аз се бор шустани дастҳо, ғарғара кардани даҳон ва афшондани бинӣ мебошад, бо дарназардошти мавқеъ ва шароит, то ки малоли дигарон нашавад.

Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломӣ муроҷиат менамояд, ки шахсоне, ки дар худ таби баландро эҳсос мекунанд, аз рӯи масъулияти имондорӣ фавран ба табиб муроҷиат намуда, то шифо ёфтан аз рафтан ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам худдорӣ кунанд.

Илова бар ин, барои сироят нашудани дигарон аз воситаҳои санитарӣ истифода баранд. Шахсоне, ки ба ягон беморӣ гирифтор шуда бошанд, онро пинҳон накунанд, зеро мусулмон набояд ба худаш ва дигарон зарар расонад, агар бемориашро пӯшида медорад ва ба табиб муроҷиат намекунад, пас муолиҷа карда намешавад ва ба худ зарар мерасонад ва аз сабаби он ки ин беморӣ сирояткунанда аст, ба дигарон низ зарар мерасонад.

Чунонки ҳазрати Паёмбар (с) муҳим будани саломатиро борҳо таъкид кардаанд. Аз ҷумла, боре ӯ ба амаки худ ҳазрати Аббос (р) чунин фармуданд: «Аз Аллоҳ таъоло офиятро талаб кун» (Ривояти Тирмизӣ).

Имрӯзҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ тадбирҳои фарогир андешида шуда истодаанд.

Аз ин лиҳоз, Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои баёнгардида ва натиҷагирӣ аз тавсия ва тадбирҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ходимони дин ва ҳайати муассисони масҷидҳо ва ҷамоатхонаҳои мамлакат муроҷиат менамояд:

Ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз эҳтимолияти сироятёбӣ ва паҳн гардидани бемории дар боло зикргардида аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо, ба истиснои намози ҷаноза муваққатан худдорӣ карда шавад.

Март 4, 2020 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»