«МУЖДА БА ГУЛҲО БАРЕД!..». Ва ё андар ҷанбаҳои умумибашарӣ ва гуманистии ҷашни Наврӯз

Март 22, 2020 09:02

ДУШАНБЕ, 22.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дӯст  доштани  табиат,  тараннуми  дӯстиву  ваҳдат, ободкориву  эҷодкорӣ  аз  арзишҳои  умумибашарианд, ки  дар   ҷашни  Наврӯз баръало дида  мешаванд.  Ин матлабро дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири кафедраи фалсафаи Академияи илмҳои   Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Нусратулло ЗОКИРЗОДА  иброз намуд.  

Номбурда ҳамчунин гуфт:

Ҷашни  мардумӣ  ва  миллии Наврӯз  яке  аз  ҷашнҳои  маъруф  ва  мондагори қавмҳои  ориёинажод  аст,  ки таърихи  тӯлонӣ  дорад.  Дар миёни  ҷашнҳои  миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва  анъанавӣ  буданаш  мавқеи  муҳим  дорад. Мутобиқи  солшумории  шамсӣ,  Наврӯз  ба  таърихи  21-22 моҳи март рост  меояд. Худ  аз  номаш  маълум  аст,  ки  наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки  он ба  рӯзи  аввали  сол рост  меояд. Имрӯз  Наврӯз ҳамчун  рӯзи аввали  соли  миллӣ  шинохта  шудааст. Имрӯз  мо  метавонем маълумотро  дар бораи  Наврӯз  аз китоби «Авасто»,  рисолаи «Ат-тафҳим» ва  «Осор-ул-боқия»-и  Абурайҳони Берунӣ, «Шоҳнома»-и  Абулқосим Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»- и Умари Хайём  ва  дигар  манбаъҳо   пайдо  намоем.

Абурайҳони Берунӣ дар  «Осор-ул-боқия»  чунин  меорад: «Эрониён вақте ки солҳои худро кабиса мекарданд, фаслҳои чаҳоргонаро бо моҳҳои худ аломат мегузоштанд. Ва фарвардинмоҳ аввали тобистон ва тирмоҳ аввали поиз ва меҳрмоҳ аввали зимистон ва даймоҳ аввали баҳор буд». Аз  ин  гуфтаҳо   маълум  мегардад, ки  аҷдодони  мо  солро  ба   чор  фасл  тақсим  менамуданд.

Абурайҳони  Берунӣ  вобаста  ба  Наврӯз қиссаҳои  зиёдеро  дар  асараш  зикр  намудааст, махсусан дар  бораи  сабзондани гандум ва пайдоиши ҷашни Наврӯз, ки  онро  ба  Ҷамшед  нисбат  медиҳад. Чун  Ҷамшед  бо қувваи  бадӣ – бо  иблис  дар  мубориза  мешавад  ва  бар  он  ғолиб  меояд ва  осудагӣ  дар  ҳаёти  мардум  барқарор  мешавад: «Ҷамшед дар ин ҳангом ба дунё бозгашт ва дар чунин рӯзе монанди офтоби тобон шуд ва нур аз ӯ метофт. Ва мардум аз тулӯи ду офтоб дар як рӯз шигифт намуданд. Ва дар ин рӯз ҳар чӯбе, ки хушк шуда буд, сабз шуд ва мардум гуфтанд: «Рӯзи нав». Ва ҳар шахс аз роҳи табаррук ба ин рӯз дар таште ҷав кошт. Сипас ин расм дар эрониён пойдор монд, ки рӯзи Наврӯз дар канори хона ҳафт навъ аз ғалла дар ҳафт табақ бикоранд ва аз рӯидани ин ғаллаҳо хубиву бадии зироат ва ҳосил дар ин солро муайян кунанд».

Ҳаким  Абулқосим Фирдавсӣ низ дар «Шоҳнома» раванди  ба  тахт  нишастани  Ҷамшед ва он «рӯзро рӯзи нав» номгузорӣ   кардан ва «сари соли нав» будани  он рӯзро  тасвир  намудааст. Ин  маълумоти  Фирдавсӣ  таърихи  ҳазорсола  дорад, ки  гуфтааст:

Чу Хуршеди  тобон  миёни  ҳаво,
Нишаста  ба ӯ шоҳи фармонраво,
Шуд бар он  тахти ӯ ҷаҳон  анҷуман,
Шигифте фурумонда аз бахти ӯ.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афроштанд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Сари соли нав Ҳурмузи Фарвардин,
Баросуда аз ранҷ – тан, дил зи кин,
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Маю ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,
Ба мо монад з-он хусравон ёдгор.

Бино  ба  маълумоти  Фирдавсӣ,  дар  ин  рӯз  кинаву  адоватҳо  аз  дилҳо  бароварда  мешаванд, чунки  имрӯз  ғалабаи  некӣ  ба бадӣ ва  рушноӣ  бар  зулмат  аст ва  мардум  бояд  хурсандӣ  кунанд.

Умари  Хайём низ  дар  «Наврӯзнома»-и  худ   Наврӯзро  ба  Ҷамшед  вобаста  медонад ва  мегӯяд, ки  ин  рӯз  рӯзи охири  соли  куҳан  ва  саршавии  соли  нав  аст: «Чун бидонистанд, офтобро ду давр бувад. Яке он, ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз бо аввалин дақиқаи ҳамл боз ояд. Ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта бувад, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддате ҳаме кам шавад ва Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин овард». Ҳамин  тариқ,  бо  истифода аз  китобҳои  таърихӣ  мо  метавонем маълумоти  дақиқро дар  бораи  ин  ҷашни  бошукӯҳи  миллӣ  пайдо  намоем.

Ҷашнҳои  миллӣ ҷузъи  ҷудонашавандаи  фарҳанги  миллӣ  ва  ҳастии  миллат  мебошанд. Ин  ҷашну  маросим  миллатро, арзишҳои милливу  фарҳангӣ, хотираи  таърихӣ  доштан ва   соҳибфарҳангу  тамаддунсоз  будани онро  нишон  медиҳанд. Аз   ҷумла:

  1. Наврӯз ифодагари фарҳанг, таърих ва  ҷаҳонбинии мардумони  ориёинажод  аст;
  2. Наврӯз бо тамоми  хусусиятҳо ва  рамзҳои мондагор будани  худ дар  тӯли  ҳазорсолаҳо ифодагари  тарзи  зиндагии созанда будани  як  халқ  ва тамаддунсоз будани  онро  дар  умқи таърих  нишон  медиҳад.
  3. Наврӯз — таҷассуми тарзи тафаккуру зиндагӣ ва дарбаргирандаи  афкори  фалсафиву ахоқии  мардумони  тоҷику  форс  мебошад.
  4. Наврӯз – фарорасии соли  нав,  рамзи  оғози  корҳои нав, эҳёи  табиат аст,  ки  дарбаргирандаи  ахлоқи  ҳамида   ва  ба  танзим дароварандаи фаъолияти  минбаъдаи  инсон  мебошад.
  5. Наврӯз нисбат ба дигар ҷашнҳои аҷдодӣ барои  мо  азиз  аст, чунки  он  дорои  фалсафаи  амиқ аст. Табиат  аз  нав  зинда  мегардад, баъд  аз  торикиҳо  рӯшноиҳо  меоянд ё  ин ки  баъд  аз  сардиҳои  сахти  зимистон гармии фараҳбахши баҳорон  шурӯъ  мегардад.

Маҳз  чунин  хусусиятҳои Наврӯзи хуҷастапай  сабаб  гардид, ки  он ҳамчун  ҷашни  мардумӣ то ба имрӯз боқӣ  монад.

Чор  унсур – обу  ҳаво ва  оташу хок аз қадим  дар   таърихи  тамаддуни  тоҷикон  муқаддас  ба  шумор  мерафтанд. Чунки  ин  чор  унсур  манбаи  ҳаёт  рамзи  зиндагии  шоиста  мебошад. Ободии  табиат, шинондани  дарахтон,  ба  замин  дар  айёми  Наврӯз  тухм  пошидан  рамзи  зиндагӣ  ва  хушбахтӣ  ба  шумор  меравад. Дар  ин  замина  инсон  аз  ҳама  махлуқи бо ақлу  ҳуш ва  ободкунанда   дар  Замин  аст, ки  ба  воситаи  он корҳои  нек   ба  анҷом  расонда  мешаванд.

Дар  рӯзи  Наврӯз ҳама  ба  саҳро  мебароянд, ҳурсандӣ  менамоянд, кинаву  адоватро  аз  дилҳо  берун  мекунанд  ва душманон даст  ба  дасти  ҳам  мегиранд  ва  сулҳ  мекунанд. Ин ҳам  яке  аз  вижагиҳои  ҷашни  мондагори  Наврӯз  аст.

Маҳз  ҳамин  хусусиятҳои   умумибашарӣ доштани  Наврӯз    гувоҳӣ  онанд, ки  онро  мардумони  ғайриориёӣ низ  қабул  намудаанд  ва   ҳамасола  ҷашн  мегиранд. Гарчанде, ки  дар  тӯли  таърих  қудратҳову  сиёсатҳо  дигар  гаштанд, вале  Наврӯз  ҳамчун  ҷашни  мардумӣ  боқӣ  мондааст.

 Наврӯз  аз қадим  бо  мардуми  мо,  бо  эҷодиёти  даҳонакии халқ  наздик  буд. Шояд  он  нафаре, ки  аз вазниниҳо ва бесарусомониҳои  рӯзгор  монда  шуда  бошад ва  бо  як  орзуи  дидани  рӯзи  нав – баҳор  аз  умқи  дилаш  суруда бошад:

Наврӯза  ба  навбаҳор  кай мебинум,
Дунёра ба  як  қарор  кай  мебинум,
Дунёра  ба  як  қарор  дар фасли  баҳор,
Гулҳора  ба шаш  қатор  кай  мебинум.

Тараннуми  баҳору  Наврӯз дар  осори  классикони  тоҷику  форс  низ  мушоҳида  мегардад. Ба қавли Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки баъд  аз  ҳар  хазонрез  баҳор  меояд ва  ин  қонуни гардиши  табиат аст:

Ин баҳори нав зи баъди баргрез,
Ҳаст бурҳон бар вуҷуди растахез.

Дар мисраъҳои  шакарбори Шамсиддин Ҳофизи  Шерозӣ, ки боди фараҳбахши  наврӯзӣ  метавонад  ба инсон рӯҳу илҳоми тоза бахшад, хело ҳам самимӣ  ба назар  мерасанд:

Зи кӯи ёр меояд  насими  боди  наврӯзӣ,
Аз ин  бод ар мадад хоҳӣ, чароғи  дил  барафрӯзӣ.

Ё ин ки Мирзо  Абдулқодири Бедил, омадани  баҳорро, ки  аз   шукуфтани гулҳо оғоз мегардад, тобиши Хуршедро, ки нури дигаргуна медиҳад, тараннум  менамояд. Ҳарчанд ин  мисраъҳо  маънии ирфонӣ  дошта бошанд ҳам, вале  то  андозае ифодакунандаи  зиндашавии табиатанд:

Мунтазирони баҳор  бӯи шукуфтан  расид,
Мужда  ба гулҳо  баред ёр  ба гулшан  расид.
Ламъаи меҳри азал  бар  дару  девор  тофт,
Ҷоми таҷалло ба даст  нур зи айман  расид…

Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус диҳем. Маҳз  дар  баробари  эҳтиром  ба   арзишҳои  миллӣ  Наврӯз  низ  дар  даврони  истиқлолият чеҳраи  нав гирифт. Бо кӯшишу талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ҷонибдорӣ  аз  тарафи роҳбарияти  давлатҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна 23 феврали соли 2010  қатъномаи Маҷмаи Умумии  СММ қабул  гардид,  ки дар он 21 март рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз  ба унвони ҷашни  байналмилалӣ  эътироф  гардид.

Ҳамин  тариқ, Истиқлолияти  давлатӣ барои  мо  шароит фароҳам  овард, ки мамлакатамонро обод  кунем, боғҳои  нав бунёд намоем   ва  воқеан диёрро ба  як  ватани   сабзавоту  меваҳои ширин табдил  диҳем, ки  нишона  аз арҷгузорӣ   ба  фарҳанги  бунёдкоронаи  мардуми  шарифи  Тоҷикистон  аст. Инчунин   номгузорӣ  шудани  ду  маҷмаи  фарҳангӣ – «Наврӯзгоҳ» ва  «Кохи Наврӯз», ки  дар  онҳо барномаҳои  фарҳангӣ  ва  давлатӣ гузаронда  мешаванд, маҳсули  даврони  соҳибистиқлолиянд.

Наврӯз – нидои асрҳо  аз  фарҳанги  инсонмеҳварии  мардуми  тамаддунофари тоҷик аст ва  арҷгузории  он  мояи  ифтихори  ҳар  шаҳрванди мамлакат мебошад.

Март 22, 2020 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд