Нафари гумонбар дар марги ҷавони 27-сола боздошт гардид
ДУШАНБЕ, 30.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 24 марти соли равон вобаста ба дарёфти ҷасади шахсияташ номаълум иттилоъ дода буд. Дар натиҷаи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт муайян карда шуд, ки ин нафар шаҳрванд Шомиров Диловаршо Нуриддинович, соли таваллудаш 17 апрели соли 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Назаршоев мебошад. Дар ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Тибқи маълумотномаи ташхиси тиббӣ-судӣ сабабҳои марги шаҳрванд Диловаршо Шомиров инсулти геморогӣ ва атеросклерози шараёнҳои дил мебошад»,- зикр кард манбаъ.
Тибқи иттилои манбаъ, баъд аз гузаронидани якчанд корҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Халилов Абдулмумин Асадуллоевич, соли таваллудаш 30 апрели соли 1989, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ муайян ва дастгир карда шуд. Гумонбар, ки бо марҳум Диловаршо Шомиров дар нуқтаи шустушӯи мошинҳо кор мекардааст, 22 марти соли равон тахминан соатҳои 22:30, дар асоси ғаразҳои пешакӣ ва бо мақсади қасосгирӣ дар назди бинои 2-и кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур бо ӯ муноқиша намудааст. Абдулмумин Халилов бо мушт як зарба ба қисмати рости мавзеи гӯши Диловаршо Шомиров задааст, ки дар натиҷа ӯ ба замин афтода, баъд аз чанд лаҳза фавтидааст.
Айни ҳол нисбат ба гумонбаршаванда Халилов Абдулмумин Асадуллоевич парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чораи пешгирӣ дар намуди ҳабси пешакӣ татбиқ шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Оид ба сабаби ба ҳалокат расидани шаҳрванд Шомиров Диловаршо Нуриддинович якчанд ташхисҳои иловагӣ таъйин карда шудаанд. Баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ иловатан маълумот дода мешавад.








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






