НАВРӮЗ ДАР НОРАК. Сокинони ин шаҳр ҷашни аҷдодиро дар сатҳи баланд таҷлил менамоянд

Март 20, 2020 09:42

НОРАК, 20.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар роҳи марказии шаҳри Норак 6 адад истгоҳҳои замонавӣ бо фарогирии мағозаҳои  ҳунарҳои мардумӣ ба истифода дода шуданд. Акнун меҳмонону сокинони шаҳр  метавонанд бо ҳунарҳои мардуми ин минтақа аз наздик шинос шуда, маҳсулоти дилхоҳашонро харидорӣ намоянд.

Ҳамзамон бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак корҳои ободонию созандагӣ бо вусъати дучанд идома доранд. Сокинону соҳибкорон ва роҳбарияти ташкилоту муассисаҳои шаҳр барои хуб пешвоз гирифтани  меҳмонон дар ин ҷашни аҷдодӣ омодагиҳои ҳамаҷониба мебинанд.

Имрӯзҳо баробари ба шаҳри Норак  ворид шудан аз дидани биноҳои замонавӣ, чароғонии кӯчаю растаҳо, асфалтпӯш шудани роҳҳо, ободонии фароғатҷойҳо, майдончаҳои солимгардонӣ,  рангорангии биноҳои баландошёна ва гулу гулгаштҳо кас рӯҳу илҳоми тоза гирифта, худро дар дунёи афсонавӣ эҳсос мекунад.  Ин ҳама созандагиҳо ба ҳусни шаҳр зебоии дигар зам  намудаанд.

Сокинони шаҳри Норак дар шанбегию ҳашарҳои  умумӣ фаъолона иштирок намуда, шаҳрро барои истиқболи меҳмонон пурра омода намудаанд.

Тибқи иттилои директори Муассисаи давлатии «ШМКХ»-и шаҳри Норак Субҳон Ҷуразода,  142 нафар кормандони муассиса тавассути 16 адад техника то имрӯз  маркази шаҳрро  рӯбучин намуда, дар масоҳати 18 км ҷӯйбору сойҳои обпарторо тоза кардаанд. Онҳо ҳамарӯза  170-175  куб  партовҳои сахти маиширо аз нуқтаҳои партовҷамъкунӣ бароварда, дар партовгоҳи марказии ноҳия  безарар мегардонанд, ки он то имрӯз 9702,6 кубро ташкил медиҳад.

Дар ин рӯзҳо маркази шаҳри Норак ва маҳаллаҳои он бо 35 ҳазор бех гулҳои ҳамешасабзу мавсимӣ гулпӯш гардида, дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 400 адад шиору овезаҳо ва аксҳои Пешвои миллату парчами давлатӣ насб шудаанд.

Директори Муассисаи манзили коммуналии шаҳри Норак Мазҳариддин Саидов мегӯяд, ки дар гармхонаҳои муассиса 70 ҳазор бех гулҳои гуногун парвариш ёфта истодаанд, ки рӯзҳои наздик ба фурӯш бароварда мешаванд.

Мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Норак Дилбар Зуҳурова иброз намуд, ки фарҳангиёни Норак таҳти унвони «Бишуд Наврӯзи фаррухпай ҷаҳонӣ» барномаи театрӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ омода намуда,  дар рӯзи ҷашни Наврӯзи Аҷам  пешкаши сокинону меҳмонон мегардонанд.

Март 20, 2020 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид