Ниқобҳои бисёрқабатаи аз дока омодакардашуда қобилияти бештари муҳофизат аз коронавирусро доранд

Март 2, 2020 11:15

ДУШАНБЕ, 02.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Барои пешгирӣ аз коронавирус мутахассисон тавсия медиҳанд, ки  ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, дастонро бояд тез- тез бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯяд.  Бояд ба  пардаҳои луобӣ, хусусан бинӣ, чашм ва даҳон камтар даст расонид. Истеъмоли меваҷоту сабзавоти аз витаминҳо бой  бисёр муҳим мебошад. Инчунин истифода  аз ниқобҳои тиббӣ манфиатовар дониста мешавад.

Вале, дар мавриди истифодаи ниқобҳои тиббӣ мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Саидбек Сатторов ба он назар аст, ки ниқобҳои тиббие, ки имрӯзҳо дар дорухонаҳо ба фурӯш бароварда шудаанд, таъсири ками  муҳофизатӣ доранд. Зеро онҳо тунук ва дорои сӯрохиҳои калон мебошанд. Инчунин андозаи коронавирус нисбат ба андозаи сӯрохиҳои ниқобҳои тиббӣ чандин маротиба хурд мебошад ва он  метавонад бемамониат аз он гузарад.

Аз ин рӯ профессор Саидбек Сатторов иброз медорад, ки  ба харидории  ниқобҳои яккарата зарурати зиёд нест. Зеро истифодаи он 2-3 соат буда, пас аз ин ниқоб қобилияти муҳофизатии худро гум мекунад.

Бино ба тавсияи номбурда, истифодаи  ниқобҳои бисёрқабатаи аз дока омодакардашуда манфиатовар мебошад.

«Ин гуна ниқобҳоро ҳар як нафар метавонад дар хона худаш омода намояд. Докаро бисёрқабата карда, дар байни он пахта бояд гузошт. Зеро пахта  вазифаи микробполоиро (филтр) иҷро намуда, қобилияти муҳофизат аз вирусро  зиёд менамояд.  Дар ҳолати аз қабатҳои дока гузаштани микроб он ба пахта мечаспад ва пахта микробро дар худ нигоҳ дошта, намегузорад, ки ба роҳи нафас ворид шавад. Ҳангоми истифода аз ин гуна ниқобҳо мо метавонем худро аз таъсири  вирусҳо беҳтар нигоҳ дорем», — гуфт профессор.

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ин маврид зикр намудааст, ки  ниқобҳои тиббӣ  аз коронавирус  ҳифз карда наметавонанд, вале онҳо хатари сироятро кам  менамоянд.  Пӯшидани ниқобҳои тиббӣ  метавонад сабаби маҳдуд шудани бемориҳои роҳи нафас гардад. Вале, танҳо истифодаи ниқоб кафолати ҳифз шудан аз сироятро надорад, бояд ҳамчунин чораҳои дигари пешгирикунанда риоя карда шаванд.

Март 2, 2020 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд