Ниқобҳои тиббӣ хатари сироят аз коронавирусро кам менамоянд
ДУШАНБЕ, 16.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Саидбек Сатторов ба он назар аст, ки ниқобҳои тиббие, ки имрӯзҳо дар дорухонаҳо ба фурӯш бароварда шудаанд, таъсири ками муҳофизатӣ доранд. Зеро онҳо тунук ва дорои сӯрохиҳои калонанд. Андозаи коронавирус нисбат ба андозаи сӯрохиҳои ниқобҳои тиббӣ чандин маротиба хурд мебошад ва он метавонад бемамониат аз ин сӯрохиҳо гузарад.
Аз ин рӯ, профессор Саидбек Сатторов иброз медорад, ки ба харидории ниқобҳои яккарата зарурати зиёд мавҷуд нест. Зеро истифодаи он 2-3 соат буда, пас аз ин ниқоб қобилияти муҳофизатии худро гум мекунад.
Бино ба тавсияи номбурда, истифодаи ниқобҳои бисёрқабатаи аз дока омодакардашуда манфиатовар мебошад.
«Ин гуна ниқобҳоро ҳар як нафар метавонад дар хона худаш омода намояд. Докаро бисёрқабата карда, дар байни он пахта бояд гузошт. Зеро пахта вазифаи микробполоиро (филтр) иҷро намуда, қобилияти муҳофизат аз вирусро зиёд менамояд. Дар ҳолати аз қабатҳои дока гузаштани микроб он ба пахта мечаспад ва пахта микробро дар худ нигоҳ дошта, намегузорад, ки ба роҳи нафас ворид шавад. Ҳангоми истифода аз ин гуна ниқобҳо мо метавонем худро аз таъсири вирусҳо беҳтар нигоҳ дорем», — гуфт профессор.
Дар робита ба ин мавзӯъ муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки имрӯз истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ дар якчанд корхонаҳои дӯзандагии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ноҳид», ҶДММ «Сифат саноат», ҶДММ «Фарм Текс», ҶДММ «Нассоҷӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ «Нури Ховар» ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ машғул буда, дар як шабонарӯз аз 5 то 30 ҳазор дона ниқоб истеҳсол мекунанд.
Дар мавриди истифодаи дурусти ниқобҳои тиббӣ Мирҳамуддин Камолзода иброз дошт, ки ниқобҳои тиббӣ ҷой ва техникаи пӯшидан доранд. Пӯшдани он танҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ: дохили биноҳои серодам ва нақлиёти ҷамъиятӣ тавсия дода мешавад. Инчунин гирифторони бемориҳои шадиди роҳҳои нафас (зуком) метавонанд аз ниқобҳо истифода баранд, зеро онҳо тавассути сулфа, атса ва гапзанӣ вирус ва дигар барангезандаҳоро ба муҳити атроф паҳн менамоянд.
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ зикр намудааст, ки ниқобҳои тиббӣ аз коронавирус ҳифз карда наметавонанд, вале онҳо хатари сироятро кам менамоянд. Пӯшидани ниқобҳои тиббӣ метавонад сабаби маҳдуд шудани бемориҳои роҳи нафас гардад. Вале, танҳо истифодаи ниқоб кафолати ҳифз намудан аз сироятро надорад, бояд ҳамчунин чораҳои дигари пешгирикунанда аз вируси КОВИД-19 риоя карда шаванд.
Ба тавсияи мутахассисон, барои пешгирӣ аз коронавирус бояд ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, ба пардаҳои луобӣ: бинӣ, чашм ва даҳон камтар даст расонад.








«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кай ва барои чӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд?
Намояндагони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии AMEE 2026 иштирок доранд
Ҳамкории мақомоти судии Тоҷикистон ва Кувайт густариш меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод санги асоси фурудгоҳи маҳаллӣ гузошта шуд
Дар Тошканд масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар шароити трансформатсияи рақамӣ баррасӣ шуд
Тоҷикони муқими шаҳри Хабаровски Русия 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ дар маркази сиёсати Пешвои миллат қарор дорад
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд
Ба ноҳияҳои Тоҷикистон 18 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид






