ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад

Март 31, 2020 08:10

ДУШАНБЕ, 31.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида боридани борону барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 1+6 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳаво абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр барф) борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол  аз самти  ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 0+ 2 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок, боридани борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат пешгӯӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 3000метр барф), меборад. Инчунин дар назар аст раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 9+14 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 ва  рӯзона 7+12 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад. Эҳтимол  борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе ҳолатҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 10+12 дараҷа гарм, рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.

Март 31, 2020 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад