Олимони чинӣ ҷои заъфи коронавирусро пайдо карданд

Март 19, 2020 12:47

 ДУШАНБЕ, 19.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Олимони Ҷумҳурии Мардумии  Чин (ҶМЧ) роҳи нави ба ҳуҷайраҳои организми инсон ворид шудани коронавируси SARS-CoV-2-ро кафш намуданд. Аз нуқтаи назари коршиносон,  ин кашфиёт ҷои заъфи вирусро аён намуда, метавонад ба рушди давоҳои муассир мусоидат намояд. Натиҷаҳои пешакӣ бо корҳои тадқиқотӣ дар  bioRxiv дастраси омма гардиданд, хабар медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба  рӯзномаи «Московский комсомолец».

Мутахассисон ба хулосае омаданд, ки SARS-CoV-2 ба  воситаи CD14, ки он дар нӯги торҳои асабҳои ҳискунанда  ҷойгир аст, ба ҳуҷайраҳои бадани инсон ворид мешавад. Тадқиқоти зиддивирусӣ дар шишаи меъёр   нишон доданд, ки  меплазумаб (доруе, ки дар асоси моддаҳои  ҷисми бегона)  тартиб ёфтааст, монеи воридшавии вирусҳо ба ҳуҷайраи инсон  ба таври назаррас  мешавад. Вирус бо истифодаи сафедаи худи инсон SP ба ҳуҷайраҳо мепайвандад, ки ин ҳангоми тадқиқоти   микроскопӣ тасдиқ шудааст.

Қаблан, сухангӯи СУТ Кристиан Линдмайер маслиҳат дод, ки чун воситаи мубориза бо COVID-19  парасетамол истеъмол намоем. Ин дар ҳолест, ки истеъмоли ибупрофен  ва доруҳои дар таркибашон ибупрофендошта дар табобати коронавирус метавонанд  хавфнок бошанд.

Акс: pixabay.com     

Март 19, 2020 12:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон