Олимони Россия барои ташхиси коронавирус асбоби санҷишии дақиқ омода намуданд

Март 31, 2020 12:18

ДУШАНБЕ, 31.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пажӯҳишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотии  эпидемиологии «Роспотребнадзор»  санҷиши дақиқро  барои ошкор сохтани  сирояти коронавирус  омода намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Маҷмӯаи  ташхисӣ санҷишҳои клиникиро муваффақона паси сар намуд ва 25 марти соли 2020 барои истифода дар  Федератсияи Россия сабти ном гардид. (Шаҳодатномаи бақайдгирии ин дастгоҳ  №РЗН 2014/1987 мебошад). Озмоиши нав ба тамоми талаботи замонавӣ мувофиқ буда, ба ҳассосият ва мушаххасот  ҷавобгӯст, ҳамчунин  қодир аст бо як санҷиш на танҳо SARS-CoV-2, балки дигар вирусҳои ба он шабеҳ  ва вируси роҳи нафаси MERS-Cov (аломатҳои роҳинафасии Шарқи Наздик)-ро низ  ошкор  созад»,- омадааст дар хабар.

Бояд зикр намуд, ки дар Россия аз рӯи маълумоти Идораи зудамал оид ба мубориза алайҳи коронавирус 1836  ҳолати сироятёбӣ  ба қайд гирифта шуда, 66 нафар саломатии худро барқарор намуданд ва 9 тани дигар фавтиданд.

Ҳукумат барои огоҳ сохтани вазъият дар кишвар манбаи  стопкоронавирус.рф-ро ба роҳ монд.

Акс аз бойгонӣ.

Март 31, 2020 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон