Олимони Россия барои ташхиси коронавирус асбоби санҷишии дақиқ омода намуданд
ДУШАНБЕ, 31.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пажӯҳишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотии эпидемиологии «Роспотребнадзор» санҷиши дақиқро барои ошкор сохтани сирояти коронавирус омода намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Маҷмӯаи ташхисӣ санҷишҳои клиникиро муваффақона паси сар намуд ва 25 марти соли 2020 барои истифода дар Федератсияи Россия сабти ном гардид. (Шаҳодатномаи бақайдгирии ин дастгоҳ №РЗН 2014/1987 мебошад). Озмоиши нав ба тамоми талаботи замонавӣ мувофиқ буда, ба ҳассосият ва мушаххасот ҷавобгӯст, ҳамчунин қодир аст бо як санҷиш на танҳо SARS-CoV-2, балки дигар вирусҳои ба он шабеҳ ва вируси роҳи нафаси MERS-Cov (аломатҳои роҳинафасии Шарқи Наздик)-ро низ ошкор созад»,- омадааст дар хабар.
Бояд зикр намуд, ки дар Россия аз рӯи маълумоти Идораи зудамал оид ба мубориза алайҳи коронавирус 1836 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, 66 нафар саломатии худро барқарор намуданд ва 9 тани дигар фавтиданд.
Ҳукумат барои огоҳ сохтани вазъият дар кишвар манбаи стопкоронавирус.рф-ро ба роҳ монд.
Акс аз бойгонӣ.








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






