«Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон». Барои дарёфти он донишҷӯёни муассисаҳои олӣ сабқат мекунанд
ДУШАНБЕ, 12.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «шаҳраки академикӣ»-Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид. Олимпиадаи мазкур фардо, 13 март дар Академияи илмҳо ҷамъбаст карда мешавад. Ҷиҳати иштирок дар даври ниҳоии олимпиада аз ҷониби 25 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дархостҳо пешниҳод гардиданд. Озмуни имсола ба эълон шудани Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бахшида шуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки зимни ифтитоҳи ҳамоиши илмӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зикр кард, ки рӯй овардан ба илмомӯзӣ, бахусус илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини рақобатпазирии мамлакат дар арсаи ҷаҳон қадами устувор ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли Паёми навбатиашон солҳои 2020-2040-ро Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намуданд. Ин як ибтикори созанда, дурбинона ва хирадмандонаи Сарвари давлат аст. Зеро танҳо ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷомеаи бо донишҳо ва тафаккури техникӣ мусаллаҳ метавонад алайҳи ҳама гуна буҳронҳо рақобатпазир, тобовар ва муваффақ бошад.
Ба андешаи академик, таъсири илм ба тамоми самтҳои ҳаёти инсон, аз ҷумла технология ва саноат, иқтисодиёт, кишоварзӣ, сиёсат, фарҳанг ва ҷаҳонбинӣ торафт меафзояд. Кашфиёту дастовардҳои илмию техникии олимони муосир ба ҳаёти мо, умуман ба тақдири тамаддун нисбат ба корҳои анҷомдодаи донишмандону сиёсатмадорони гузашта таъсири амиқ гузоштаанд. Яқин мегардад, ки танҳо инсони фарҳангӣ ва бомаърифат ба сатҳи муосири рушди тамаддун мувофиқ омада метавонад.
Академияи илмҳо ҳамасола дар арафаи иди Наврӯз олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳуриро барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир менамояд. Мақсади доир намудани олимпиада баланд бардоштани тафаккури илмию техникии наврасон ва ҷавонон, ҳамчунин дарёфти ҷавонони боистеъдод дар соҳаи илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ мебошад. Соли ҳафтум аст, ки байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат олимпиада барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад. Соли равон ба озмун танҳо нафароне, ки дар самти табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таҳсил мекунанд, даъват шуданд.
Дар олимпиадаи мазкур донишҷўёни зинаи бакалавр ва курсҳои 1-5-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи 7 самти илм-табиӣ-риёзӣ, дақиқ ва техникӣ, аз ҷумла, математика, физика, астрономия, химия, геология, биология ва технологияҳои иттилоотӣ дар шакли тахассусӣ ва ғайритахассусӣ иштирок карда метавонанд.
Даври якуми олимпиада дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардида, 1-нафарӣ ғолибон аз ҳар як соҳаи илм барои иштирок дар даври ниҳоӣ, ки дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, пешниҳод карда мешаванд.
Барои шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани олимпиада ҳайати ҳакамон аз ҳисоби олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки онҳо сатҳи донишандӯзӣ ва иҷрои корҳои амалии довталабонро баҳогузорӣ менамоянд.
Тибқи Низомномаи олимпиада, барои ғолибон дар ҳар як соҳаи илм ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм муқаррар карда шудаанд.
Ғолибони ҷойи якум бо «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дипломи дараҷаи якум сарфароз гардонида мешаванд. Ғолибони ҷойҳои дуюм ва сеюм бо дипломҳои дараҷаи 2-юм ва 3-юм сарфароз гардонида мешаванд.
Бино ба иттилои масъулин, вобаста ба беҳтар гардидани шароиту имкониятҳои таҳсил сол то сол шумораи иштирокдорони олимпиада афзоиш меёбад. Дар сабқати имсола зиёда аз 130 нафар донишҷӯ иштирок менамоянд.
Ба иттилои сардори Раёсати аспирантура ва магистратураи Акаемияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил Ёров, соли равон Олимпиада дар шакли тестӣ, ҳалли мисолу масъалаҳо, иҷрои корҳои лабораторӣ гузаронида мешавад.










Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






