Омодагӣ ба ҷашни Наврӯз. Дар ноҳияи Файзобод 756 бех дарахти сояафкан ва 700 бех дарахти мевадиҳанда шинониданд

Март 12, 2020 12:01

ДУШАНБЕ, 12.03.2020 /АМИТ  «Ховар»/. Кишоварзони ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод ба корҳои баҳорӣ ва ниҳолшинонӣ омодагии хуб гирифта, то ин муддат 756 бех дарахти сояафкан ва 700 бех дарахти мевадиҳанда шинониданд.

Ҳоло корҳои омодагӣ ба баҳору шинонидани дарахтони мевадиҳанда дар хоҷагиҳои деҳқонии Сайдонӣ, Кабкрез ва Кӯҳсори ноҳия хуб ҷараён доранд. Дар ин хоҷагиҳо дар баробари бунёди боғҳои нав ба коркарду ғизодиҳии боғзори мавҷуда диққати зарурӣ дода мешавад.

Ғаллакорони ҷамоат то имрӯз дар 43 гектар кишти баҳорӣ гузаронида, саъй доранд, ки то охири мавсим майдони ғалладонагиро ба 310 гектар расонанд. Картошкапарварони ҷамоат мақсад доранд, ки имсол дар 60 гектар картошка ва дар 112 гектар сабзавот кишт намоянд.

Раиси ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев Холмаҳмад Гулзода гуфт, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳамаи деҳаҳои ҳудуди ҷамоат корҳои ободонӣ, тоза кардани ҷӯйҳо, ба тартиб даровардани хонаҳо, сафед кардани деворҳо идома доранд. Мардум ба ҳашари умумӣ баромада, дар қатори дигар корҳои ободонӣ дар шоҳроҳ дарахтони сояафкану гулу буттаҳо мешинонанд.

Инчунин дар ҳудуди деҳоти Меҳробод дарахтони 200 гектар боғ аз шоху навдаҳои зиёдатӣ сабукбор гардонда шуда, коркарди боғҳо ҳоло ба охир нарасидааст. Сокинони деҳаҳои Яккабед ва Гулафшон бо тавсияи мутахасисон дар талу теппаҳо 4 гектар боғ бунёд намудаанд. Деҳқонони ҷамоати Меҳробод азм доранд дар 42 гектар картошка шинонанд.

Март 12, 2020 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд