Озмоишгоҳи Донишгоҳи давлатии Хоруғ соҳиби таҷҳизоти нави технологӣ гардид

Март 10, 2020 14:53

ХОРУҒ, 10.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф чанд рӯз қабл озмоишгоҳи факултети илмҳои табиии Донишгоҳи давлатии Хоруғ соҳиби таҷҳизоти технологии навтарин гардид, ки назири он дар донишгоҳҳои минтақаи Осиёи Марказӣ вуҷуд надорад. Бо истифода аз ин таҷҳизот донишҷӯён таркиби минералӣ ва химиявии ҷинсҳои кӯҳиро ба таври дақиқ меомӯзанд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад, сол аз сол пойдевори илмиву технологии Донишгоҳи давлатии Хоруғ қавитар гардида, донишҷӯёни факултаи илмҳои табиӣ имконият пайдо мекунанд, ки сатҳи дониши назариявию амалии худро бештар такмил диҳанд.

Ректори донишгоҳи мазкур Шермамад Ҷонмаҳмадов гуфт, ки “Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зарурати омӯзиши фанҳои дақиқ бори дигар таъкид карда, ба Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои марбута дастур доданд, ки қобилияти эҷодии наврасону ҷавононро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ барои иҷрои ин дастури Сарвари давлат гоми нахустин ва муассир гузошт. Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои донишҷӯёни факултети илмҳои табиӣ таҷҳизоте дастрас карда шуд, ки ҳоло ягон муассисаи олии минтақаи Осиёи Марказӣ аз он бархурдор нест”.

Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои обию сарватҳои зеризаминӣ яке аз ҷойҳои аввалро касб мекунад ва барои табдил додани он ба давлати  саноатию аграрӣ тамоми шароит муҳайёст. Аммо бунёд ва пешрафти соҳаи саноат, қабл аз ҳама, ба мутахассисони варзидаи маҳаллӣ вобастагӣ дорад.

Ба гуфтаи декани факултаи илмҳои табиии ин донишгоҳ Булбулназар Имомназаров, “омода намудани мутахассисони бахшҳои геология, кимиё, заминшиносӣ яке аз вазифаҳои аслии факултаи илмҳои табиӣ мебошад, ки то ҳоло ин рисолати худро муваффақона пеш мебарад. Собиқ шогирдони ин факулта дар давлатҳои Франсия, Германия, Австрия, Россия ва Чин ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд ва иддае аз онҳо дар муассисаҳои илмии ин кишварҳо рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намуданд”.

Факултаи илмҳои табиӣ бо мақсади рушди корҳои илмию тадқиқотӣ бо муассисаҳои олию пажуҳишгоҳҳои ватанию хориҷӣ, бо шумули Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи геология ва сейсмологияи Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ робитаи доимӣ барқарор намудааст. Устоди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Муҳсин Муаззин гуфт, ки “бо кумаки шарикони рушд соли гузашта ба се донишгоҳи манотиқи кӯҳистони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон таҷҳизоти техникӣ кумак карда шуд ва имсол низ ин кумак идома меёбад”.

Мақсади аслии ин барнома таҳкими заминаи техникию технологии донишгоҳҳои мазкур мебошад. Дар шароити муосир олимон ба он кӯшиш мекунанд, ки бе расонидани осеб ба инсон ва муҳити зист сатҳи зиндагии сокинони сайёраро баланд бардоранд. Як кишвар ҳатто агар рушди бесобиқа ҳам дошта бошад, аз уҳдаи ин вазифа баромада наметавонад. Аз ин рӯ ҳамкории олимони кишварҳои мухталиф ба кумаку пуштибонии ҳамдигар ниёз доранд.

Таҷҳизоте, ки имрӯз дастраси устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ гардиданд, воқеан дар илми заминшиносӣ беназиранд ва тавассути чунин ҳамкорӣ Донишгоҳи давлатии Хоруғ ояндаи наздик метавонад ба яке аз донишгоҳҳои беҳтарини ҷумҳурӣ мубаддал гардад.

Март 10, 2020 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Аввалин сомонаи Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Тоҷикистон таҳия карда шуд
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нахустнамоиши «Бобоҷон Ғафуров» пешкаши тамошобинон мегардад
Дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум бунёд карда мешавад
Сомонаи нави Ассотсиатсияи агентиҳои миллии иттилоотии кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Манзараҳои зебои табиати Тоҷикистон дар «Pakistan TV Digital» намоиш дода мешавад
Корҳои омодагӣ барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» идома доранд
НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Бо ин мақсад бо ҷавонони фаъоли шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ оид ба таҳияи Консепсияи илмии Конуни тамаддуни ориёӣ маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе дар Қалъаи Ҳисор бо таърихи халқи тоҷик шинос шуданд
Дар Москва шоми ёдбуди Мирзо Турсунзода баргузор гардид