Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстонро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 22.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар як зумра шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ бунёд шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад.
Мавриди зикр аст, ки бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпешаи шаҳр аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд гардида, бо тамоми таҷҳизоти муосири корӣ таъмин мебошад. Ошёнаи якуми бино аз утоқҳои кормандон, қабати дуюм аз маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст ва толори хурд иборат буда, утоқҳои роҳбарият, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон қабати сеюми биноро ташкил медиҳад.
Атрофи бино бо дарахтони сояафкану гулҳои мавсимӣ оро ёфта, тамоми роҳраву гузаргоҳҳои он сафолакпӯш ва чароғон карда шудаанд. Зимни шиносоӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулинро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.
Дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба истифода супурдани бинои навро кормандону масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон туҳфаи арзанда хонда, иброз доштанд, ки минбаъд низ корро дар самти татбиқи самараноки барномаҳои ҳизбӣ ва ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҷоннок намуда, дар пешрафти ҷомеа ҳисса мегузоранд.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд






