Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Фабрикаи парандапарварии ҶДММ «Дӯсти Азиз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ифтитоҳ намуданд

Март 23, 2020 09:48

ДУШАНБЕ, 23.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дӯсти Азиз», ки дар минтақаи кӯҳии Рухаки деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд шудааст, ташриф оварданд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти корхонаи парандапарварӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Нахуст дар саҳни корхонаи парандапарварӣ маҳсулоти гуногуни истеҳсолкардаи Ширкати ҳасиббарории «Азизӣ» ва навъҳои гуногуни хӯроки паранда, ки дар дохил ва хориҷи мамлакат истеҳсол гардидааст, намоиш дода шуд.

Гуфта шуд, ки Ширкати ҳасиббарории «Азизӣ» ба истеҳсоли ҳасиб дар шаклу андозаҳои гуногун машғул буда, фабрикаи парвариши мурғ низ бо мақсади таъмини ин корхона бо гӯшти паранда ва ба ин васила истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ бунёд гардидааст.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дӯсти Азиз» парвариши чӯҷаҳои зоти бройлерии «Ross-308», ки танҳо барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ мебошад, ба роҳ монда шудааст.

Корхонаи парандапарварӣ дар масоҳати 1,20 га бунёд гардида, ҳоло ду бино барои парвариши мурғ бо 30 ҳазор сар паранда фаъолият менамояд.

Зимни шиносоӣ аз фаъолияти ин корхонаи навбунёд Сарвари давлат иқдоми соҳибкори ватандӯстро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, барои боз ҳам афзун намудани саршумор ва тақвияти иқтидори истеҳсолӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Таъкид гардид, ки дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва истиқболи сазовор аз 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҷумҳурӣ бунёд гардида, ҷиҳати рушди соҳа ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаҳои воқеӣ гузошта мешаванд.

Дар заминаи заҳмату талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёд ва ба истифода додани корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ аз ҷумла, таъсиси фабрикаҳои парандапарварӣ натиҷаҳои босамар ҳосил гардида, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба роҳ монда шуда, талаботи аҳолии кишвар бо маҳсулоти аълосифати ватанӣ таъмин карда шавад.

Бо ба фаъолият оғоз намудани корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дӯсти Азиз» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 15 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маошӣ хуб таъмин шуданд.

Дар фабрикаи мазкур биноҳои ёрирасон аз қабили, ошхона, хобгоҳ, ҳуҷраҳои иловагӣ ва дигар шароити зарурӣ барои кормандон муҳайё гардидааст.

Ҷиҳати ободу зебо ва хуррам гардонидани саҳни корхонаи парандапарварӣ гулу буттаҳои ороишии мавсимӣ парвариш ёфта, дарахтони ҳамешасабз ва мевадиҳанда низ шинонида шудааст, ки барои тозагии муҳити атроф аз манфиат холӣ нест.

Масъулони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дӯсти Азиз» нақша доранд, ки бо парвариши паранда ва истеҳсоли гӯшти парҳезӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ, фаровонии масҳсулоти ватанӣ дар бозорҳо саҳм гузошта, ояндаи наздик содироти чунин маҳсулотро ба роҳ монанд.

Ифтитоҳи Фабрикаи парандапарварии ҶДММ "Дӯсти Азиз"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 23.03.2020

Март 23, 2020 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд