Пешвои миллат: «Солҳои охир дар пойтахт як амали неку дурандешона ба ҳукми анъана даромадааст»

Март 18, 2020 13:30

ДУШАНБЕ, 18.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Солҳои охир дар пойтахт як амали неку дурандешона ба ҳукми анъана даромадааст, — иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар суханронии  худ зимни мулоқот бо аҳли зиёи мамлакат ва аз он ёдовар шуданд, ки «фарзандон ва наздикони олимону адибони фавтида китобхонаи волидайнашонро ба Китобхонаи миллӣ барои истифода месупоранд».

Ин китобҳо, — гуфтанд Сарвари давлат, дар китобхона бо номи соҳибонашон нигоҳ дошта мешаванд ва хонандагон аз онҳо истифода мекунанд.

«Бо ин роҳ китобҳо аз ҳама гуна хатарҳо ҳифз мешаванд ва аз тарафи дигар, номи ин олимон абадӣ боқӣ мемонад», — афзуданд Пешвои миллат.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идома  хотиррасон шуданд, ки масалан, китобхонаҳои академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, профессорон Соҳиб Табаров, Раҳим Мусулмониён бо номҳои худашон дар Китобхонаи миллӣ ҳифз шуда, дӯстдорони илму адабиёт ва умуман ҷавонон аз онҳо истифода менамоянд.

«Вобаста ба ин, ба олимони калонсол, фарзандони донишмандон ва ҳамаи зиёиён муроҷиат карда, хоҳиш менамоям, ки китобхонаи худро ба Китобхонаи миллӣ супоранд, то дигарон низ аз онҳо истифода карда, манфиат бинанд ва ғизои маънавӣ гиранд»,- афзуданд Пешвои миллат дар идомаи суханронии худ.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти анъанавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо олимону донишмандон, адибону эҷодкорон, намояндагони маориф ва санъату ҳунар баргузор гардид.

Март 18, 2020 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд