Пос доштани расму ойинҳои Наврӯз барои ҳар фарди худогоҳ амри зарурист
ДУШАНБЕ, 18.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нигоҳдорию посдории расму ойинҳои ҷашни Наврӯз барои ҳар фарди худогоҳ амри зарурӣ маҳсуб мешавад. Зеро дастовардҳои моддию маънавии мардумони ориёитабор на танҳо натиҷаи талошу заҳматҳои абармардони ин халқу миллат, балки дорои ҳикмату хусусияти табиии онҳо низ мебошанд, ки дар муқобили ин ҳама хатару таҳдидҳои дар тӯли таърих бамиёномада арзиши худро аз даст надодаанд. Ин нуктаро 17 март зимни семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Наврӯз- рукни худшиносии миллӣ» ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Муҳриддин Низомӣ иброз дошт.
Номбурда дар асоси асарҳои таҳқиқотӣ ва сарчашмаҳои илмӣ таърихи пайдоиши Наврӯзро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, зикр намуд, ки бархе аз ривоёти таърихӣ оғози Наврӯзро ба бобулиён нисбат медиҳанд.
«Тибқи ин ривоёт, ривоҷи Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул бозмегардад, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кард. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ ва хонаҳои шахсиву бахшиши маҳкумон иҷро менамуд. Ин оинҳо дар замони подшоҳони дигари Ҳахоманишӣ низ баргузор мешудаанд. Замони Дорои якум маросими Наврӯз дар тахти Ҷамшед баргузор мешуд. Албатта, дар сангнавиштаҳои боқимонда аз даврони Ҳахоманишиҳо ба таври мустақим ишорае ба баргузории Наврӯз нашудааст, аммо баррасиҳо бар рӯи ин сангнавиштаҳо нишон медиҳад, ки мардум дар даврони онҳо бо ин ҷашн ошно будаанд ва Ҳахоманишиён Наврӯзро бо шукӯҳи бузурге ҷашн мегирифтаанд. Санадҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки Дорои I ба муносибати Наврӯз дар соли 414 қабл аз мелод сиккае аз ҷинси тилло зарб намуд, ки дар як сӯйи он сарбозе дар ҳоли тирандозӣ нишон дода шудааст. Дар баъзе ривоёт Зардуштро низ ба унвони бунёдгузори Наврӯз ёд кардаанд»,- гуфт Муҳриддин Низомӣ.
Инчунин дар ҳамоиш ноиби ректор оид ба таълим Фарҳод Мирахмедов дар мавзӯи «Мавқеи ҷашни Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллии ҷавонон» ва мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Мустафо Қаландаров дар мавзӯи «Ҳафтсин-муҳимтарин рамзи ҷашни Наврӯз» сухан гуфтанд.
Зикр шуд, ки суннатҳои ҷашни Наврӯз омили хубе дар муаррифӣ ва ҳифзу нигоҳдории таъриху фарҳанги миллати тоҷик буда, онҳо дар ташаккули худшиносии миллии ҷомеа, махсусан насли наврас мусоидат менамоянд. Наврӯз табиату инсонро ба ҳам пайванд медиҳад ва маҳз дар ҳамин ҷашн инсонҳо кинаву адоватро аз қалбҳояшон берун карда, шодию хурсандӣ мекунанд.








Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад
Моҳи октябр Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид






