Президенти Тоҷикистон: «Дар омӯзишу таҳқиқи ҷашнҳои миллӣ ва эҳёи онҳо, аз ҷумла Наврӯз нақши зиёиён назаррас аст»

Март 18, 2020 12:20

ДУШАНБЕ, 18.03.2020. /АМИТ  «Ховар»/. Дар омӯзишу таҳқиқи ҷашнҳои миллӣ ва эҳёи онҳо, аз ҷумла Наврӯз нақши зиёиён назаррас буда, онҳо дар заминаи сарчашмаҳои бостониву таърихӣ рисолаву таҳқиқоти арзишманд ба чоп расонидаанд. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни мулоқоти анъанавии худ бо олимону зиёиён дар шаҳриДушанбе баён доштанд.

Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, — гуфтанд Пешвои миллат, мо дар баробари эҳёи арзишҳои писандидаи Наврӯзи Аҷам, мулоқоти Роҳбари давлатро бо аҳли зиё – олимону донишмандон, адибону эҷодкорон, намояндагони маориф ва санъату ҳунар ба ҳукми анъана даровардем, то бо фаъолияти онҳо шинос гардида, масъалаву мушкилоти ҳалталабро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем.

Дар идома Пешвои миллат аз он ёдовар шуданд, ки зиёиёни мамлакати мо дар муддати қариб се даҳсолаи охир дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон, муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ, адабиёти оламшумул ва санъату ҳунар саҳми муносиб гузоштаанд.

Март 18, 2020 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид