РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Имрӯз ба зодрӯзи арбоби сиёсӣ ва давлативу ҳизбӣ Раҳбар Қосимов 90 сол пур шуд

Март 4, 2020 16:08

ДУШАНБЕ, 04.03.2020. /АМИТ АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 4 март,   ба зодрӯзи яке аз арбобони сиёсӣ ва  давлативу ҳизбӣ,  Агрономи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон, дорандаи  Ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи меҳнат ва медали “Барои меҳнати шоиста”  Раҳбар Қосимов 90 сол пур мешавад.

Устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фазилатҳо ва хислатҳои  ҳамидаи  ин инсони наҷибро ба ёд оварда, зиндагиномаи ин марди некӯномро китоби ибрат барои имрӯзиён хондаанд, то барои худ аз чунин шахсиятҳо дарси ватандориву меҳнатпарастӣ биомӯзанд.

Дар ҷомеа ҳамеша инсонҳое мақому манзалат ва обрӯву эътибор пайдо менамоянд, ки дар ҷодаи интихоби хеш содиқ ва ҷоннисору фидоӣ бошанд. Донишу маърифат, ақлу заковат ва ташаббускориву  ташкилотчигӣ ҷавҳари  фаъолияти  шоистаи инсонист. Инсонҳое, ки дорои  ин сифатҳо мебошанд, доимо дар байни мардум сазовори эътибор ва  лоиқи таҳсинанд. Ин гуна афрод бо меҳнати пайваста ва ҷустуҷӯҳои эҷодӣ, вазифаи ба зимма гузошташударо бо масъулият ва шарафи баланд адо намудан  фидоӣ будани хешро амалан собит менамоянд.

Воқеан ҳикматҳои деринаи мардумӣ, аз қабили «Меҳнат инсонро шарафёб мегардонад» ё «Заҳмат мекашӣ, раҳмат мешунавӣ» дар ҳамаи давру замон аз ҳақиқати ҳастӣ дарак медиҳад. Хуш ба ҳоли он касе, ки ба маънии ин гуфтаҳо расида, онро дар рӯзгораш амалӣ менамояд. Дӯст доштани касби хеш, ба наздикону пайвандон, ҳамкасбон, ҷомеаи меҳнатӣ бо муҳаббату бо мурувват будан,  боиси болоравии нуфузу обрӯи шахс мегардад. Зеро ба эътироф ва эҳтироми   мардум ба тариқи мерос сазовор намегарданд, танҳо меҳнати ҳалолу фидокорона инсонро то  ба он  мақом мерасонад.

Шодравон, арбоби ҳизбиву давлатӣ, инсони комил Раҳбар Қосимов  аз зумраи ин гуна афроде мебошад, ки маҳз сидқу вафо ба мардум, муҳаббат ба касбу кор, ташаббусу кордонӣ ва хоксориву инсондӯстӣ номашро дар таърих ба некӣ сабт намудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1998 зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд, дар маросими кушодашавии нимпайкараи Турсун Ӯлҷабоев гуфта буданд, ки Ӯлҷабоев дараҷаи баланди корҳои агротехникиро мушоҳида карда фаҳмид, ки ин натиҷаи заҳматҳои сарагроном Раҳбар Қосимов аст ва ин ҷавони 28-соларо ба гирифтани унвони «Агрономи хизматнишондодаи Тоҷикистон» пешниҳод кард. Баъди як сол Раҳбар Қосимовро ба вазифаи раиси кумиҷроияи ноҳияи Хуҷанд пешбарӣ намуд».

Раҳбар Қосимов 4 марти соли 1930 дар шаҳри Хуҷанд  таваллуд шудааст. Таълими ибтидоию  миёнаро дар мактаби овозадори онвақтаи  рақами 12-и шаҳри Хуҷанд ба номи Максим Горкий гирифтааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1948 ба факултаи агрономии Донишкадаи хоҷагии қишлоқ дохил  шуда, онро соли 1953 бомуваффақият хатм намуд. Баъди соҳиб гаштан ба дипломи олии аграномӣ фаъолияти меҳнатиашро дар МТС (стансияи мошиниву тракторӣ)-и Исфисори ноҳияи Хуҷанд оғоз кард.  Дар ин коргоҳ Иван Головченко сарварӣ мекард. Раҳмон Набиев сармуҳандис буд, Чӯянбой Зунунов, Мирзосангин Рустамов, Рӯзибой Юлдошев  ба сифати агроном  фаъолият доштанд. Ӯ солҳои 1955-1958 вазифаи сараграноми МТС-ро иҷро намуд.

Қобилияти ташкилотчигӣ ва масъулиятшиносии ӯро  ба инобат гирифта, роҳбарият ӯро ба вазифаҳои масъул пешбарӣ менамояд. Моҳҳои июл — декабри соли 1958 ӯ сардори инспексияи хоҷагии кишлоқи ноҳияи Ленинобод, аз декабри ҳамон сол то моҳи октябри соли 1959 раиси комиҷроияи ноҳияи Ленинобод (имрӯза Бобоҷон Fафуров) шуда кор кардааст. Номбурда  муддате- соли 1961 ҷонишини Вазири кишоварзии Тоҷикистон буд. Моҳи сентябри ҳамон сол котиби якуми Кумитаи ҳизбии ноҳияи Мастчоҳ интихоб мегардад. Аз соли 1963 то соли 1970 дар вазифаи коиби якуми Кумитаи ҳизби коммунистии ноҳияи Конибодом фаъолият мекунад.  Мавсуф  солҳои 1970-1972 дар  Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ таҳсил намудааст.  Аз августи соли 1972 то декабри соли 1973 ба ҳайси котиби аввали Кумитаи ҳизбии ноҳияи Хуҷанд (алҳол ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) фаъолият бурдааст.  Моҳи январи соли 1974 ӯ ба вазифаи раиси Бюрои ташкилии КМ ҲК Тоҷикистон дар вилояти Кӯлоб таъйин мегардад.  Раҳбар Қосимов чанд даъват вакили мардумии Шӯрои олии ҶШС Тоҷикистон буд.   27 январи соли 1974 вафот кардааст.

Раҳбар Қосимов аз шахсиятҳое буд, ки касбу кор, пешаи худро дӯст медошт, аз он ифтихор мекард, онро мазмуни ҳаёт меҳисобид.  Бо адолатпарварӣ, ҷасурӣ, ташаббускорӣ  дар пешбурди вазифаи хизматиаш фарқ мекард. Аз аъзои фидоии ҳизбӣ ва давлатии даврони Шӯравӣ ба шумор мерафт.

Раҳбар Қосимовро ҳамсафонаш ҳамчун инсони комил ва самимӣ, меҳнатқарин мешинохтанд, аз ӯ ибрат мегирифтанд. Фазилатҳои муҳими ӯ ҳалолкорӣ ва қатъият ба шумор мерафтанд.

Дар ҳақиқат, касе, ки баҳри манфиати Ватан ва халқ  фидокорона заҳмат мекашад, албатта, ба ҳурмату эътибори мардум сазовор мегардад.

Раҳбар Қосимов давоми умри кӯтоҳ, вале бобаракаташ ташвиши мардумро аз ташвиши худ боло гузошта буд. Вақте ки фаъолияти меҳнатии Раҳбар Қосимовро варақгардон мекунем, аён мегардад, ки ӯ ҳамеша барои ривоҷу равнақи ҷумҳуриамон корҳои зиёди хайрхоҳона анҷом додааст.

Кору пайкори созандаи  эшонро дар мисоли роҳбариаш ба ноҳияи Конибодом мушоҳида намудан мумкин аст. Бо ташаббуси ӯ дар ноҳия  чандин корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои фарҳангӣ бунёд гаштанд,  комёбиҳои беназир дар  соҳаи кишоварзӣ ба даст омаданд. Чунончи, соли 1963 мактаби нав дар назди истгоҳи оҳан  бунёд гашт, аз сари нав фаъолияти Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Конибодом  ба роҳ монда шуд, соли 1964 қитъаи замин барои сохтмони меҳмонхона ва бойгонӣ (архиви шаҳрӣ) ҷудо карда шуд, комбинати хизмати маишӣ сохта шуд, коргоҳи нонпазии Конибодом мақоми заводи нонро гирифт.

Соли 1965 ба муносибати ҷашни 20-солагии ғалабаи таърихӣ бар фашизми гитлерӣ ҳайкали Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Неъмат Қаробоев дар назди кинотеатри ҳозираи ба номи Комил Ёрматов гузошта шуд, дар шаҳри Конибодом филиали бойгонии ҷумҳурӣ ифтитоҳ ёфт, бинои мактаби замонавии «Коммунист» барои 536 нафар хонандагон кушода шуд. Соли 1967  навсозии фабрикаи ресандагӣ ба роҳ монда шуд. Он ба фабрикаи ресандагию бофандагӣ табдил дода шуд. Сохтмони бинои шуъбаи алоқаи шаҳрӣ шурӯъ шуд, меҳмонхонаи замонавии шаҳрӣ ба истифода дода шуд. Дар деҳаи Маҳрам мактаби замонавии нав сохта шуд, сохтмони бинои нави табобатхонаи шаҳрӣ оғоз гашт. Соли 1968 бинои нави идораи колхози «Коммунизм» мавриди  истифода  қарор гирифт…

Таърих  чароғи ҳақиқат ва хотираи зинда аст.   Раҳбар Қосимов инсони ниҳоят самимӣ ва ба одамон меҳрубон буд. Инсони мулоҳизакор, донишманд, дилу забонаш як буд.  Барои ҳалли мушкилоти мардум пайваста кӯшиш мекард.  Дар натиҷаи сафарҳои корӣ баҳри  тарҳрезии нақшаҳои бунёдӣ тадбирҳо меандешид.

Яке аз воқеаҳои таърихии рӯзгори  Раҳбар Қосимов соли 1960 ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳангоми дар Вазорати хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон кор кардан Раҳбар Қосимов ба сифати устоди варзидаи риштаи кишоварзӣ ва чун Агрономи Хизматнишондодаи  РСС Тоҷикистон ба кишвари Ҳиндустон барои ширкат дар намоиши умумиҷаҳонии дастовардҳои хоҷагии халқ сафар мекунад.

Дар ин сафар ӯ бо Сарвазири Ҳиндустон яке аз арбобони барҷастаи сиёсии асри ХХ Ҷавоҳирлол Неҳрӯ вохӯрдааст. Дар сарчашмаҳои бойгонӣ зикр шудааст, ки баъди сафари мазкур бори дуввум Раҳбар Қосимовро барои истифода аз таҷрибаи бояш дар соҳаи хоҷагии қишлоқ ба Ҳиндустон даъват мекунанд, ки тайи чанд моҳ ба кишоварзони  ин кишвар аз таҷрибаҳои корӣ ва дониши тахассусии худ роҳу усулҳои замонавии кишти зироатҳои гуногунро омӯзонад. Ин амали ӯ  дар  рушди ҳамкории минбаъдаи ду кишвар таъсири нек гузошт .

Тавре ҳамсолону ҳамсафонаш нақл мекунанд, ӯ ҳамеша таъкид мекард, ки дар инсон бояд ҳама чиз зебо бошад, ҳам тинат  ва ҳам сират. Аз дигарон низ зебоиро талаб мекард. Якқавлӣ, қатъият,  матонат пешаи  ӯ буд. Дар ҷараёни фаъолият ҳама гуна муамморо оқилона ҳал менамуд.

Воқеан рӯзгор ва фаъолияти ибратбахши фарди асил, инсони росткору рострав, роҳбари хирадманду меҳанпараст, мутахассиси дурбину кордон Раҳбар Қосимов шоистаи ёдкард ва омӯзиш буда, барои имрӯзиёну фардоиён мактаби бузурги таҷрибаву ҳаёт мебошад. Исми ин фарди некном дар радифи як насли тозакору навҷӯ, ташаббускору меҳнатдӯст ёд мешавад, ки бо меҳнат, фидокорӣ, ватандӯстӣ, ибтикороти наҷиб ва сифатҳои инсонии худ дар дилу дидаи мардум макон гирифта, дар саҳифаҳои таърихи мамлакат номашро ба некӣ ҷовидонӣ сабт кардааст.

Ҷӯрабек ИСОМИТДИНОВ,
Саидумрон САИДОВ,
устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Март 4, 2020 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе китобномаи профессор Аҳмад Абдуллоев рӯнамоӣ карда шуд
«БО НИГОҲАТ РӮЗГОРАМ ОФТОБӢ МЕШАВАД!». Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб 80-сола шуд
РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Омӯзиши фаъолияти касбии академик Раҳим Масов барои тарбияи насли ҷавон мактаби бузурги таълимиву тарбиявист
МУАЛЛИФИ «МАН КАЛОН МЕШАВАМ» 110-СОЛА ШУД. Ин шеъри Устод Мирсаид Миршакар чандин насли фарзандони тоҷикро дар рӯҳияи баланди муҳаббат ба Ватан ва меҳанпарастӣ тарбият намудааст
Дар Панҷакент маросими пардабардорӣ аз рӯи нимпайкараи олими шинохтаи тоҷик Аълохон Афсаҳзод доир гардид
ГУРДОФАРИД АЗ ЛАХШ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор
РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Исмоил Шафиев – марде, ки умрашро сарфи ободии Ватан кардааст
РӮЗИ ЁДБУДИ МАВЛОНО. Ҷалолиддин Балхии Румӣ ҳашт аср пеш бар зидди ифротгароӣ ва таассуби динӣ, ки толибон имрӯз дар Афғонистон паҳн мекунанд, мубориза мебурд
«АҲМАДШОҲИ МАСЪУД МИҚДОРИ ХОКЕ НЕ, БАЛКИ МАКТАБИ БУЗУРГИ ТАФАККУРИ ИНСОНИСТ!». Дар Душанбе маросими ёдбуди шаҳиди роҳи озодию сулҳи Афғонистон доир шуд
ВАҲШОНИЯТ. Толибон нисбат ба қабри Аҳмадшоҳи Масъуд дар Панҷшер таҳқир раво дидаанд
ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. Саҳми Қаҳрамони Тоҷикистон дар рушди маориф
НОМ ЧУ ҶОВИД ШУД… Агар умр вафо мекард, имрӯз булбули Шарқ Аҳмад Зоҳир 75-сола мешуд