РӮЗИ ГУЛАФШОН. Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» аз марказҳои гулфурӯшӣ ва растаҳои мавсимии шаҳри Душанбе

Март 7, 2020 15:07

 ДУШАНБЕ, 07.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.    Бахшида ба Рӯзи модар  ҳар як аъзои хонавода мехоҳад ба модар, ҳамсар, хоҳар, духтар ва дӯстдоштааш туҳфае харидорӣ намуда, бонувонро  хушҳол гардонад. Дар ин рӯз аксар мардон кӯшиш мекунанд, ки ба модар ва ҳамсарони худ гул тӯҳфа намоянд, зеро ба андешаи онҳо занон аксар вақт ба гул таваҷҷуҳ дошта, онро бештар меписанданд.

Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН ва Мақсудҷон МУҲИДДИНҶОН.

Ҳангоми боздид аз марказҳои гулфурӯшӣ ва растаҳои мавсимӣ маълум шуд, ки аксари гулҳои ба фурӯшбаровардашударо  садбаргҳои голандӣ ташкил медиҳанд.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гулфурӯш Муродҷон Исмоилов иброз дошт, қариб 80 фоизи гулҳои ба фурушбаровардаи онҳоро гулҳои Голандия, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия ташкил медиҳанд.

«Гулҳои тоҷикӣ пас аз гарм шудани ҳаво ба фурӯш бароварда мешавад. Ҳоло бештари харидорон   садбаргҳои голландиро харидорӣ мекунанд. Ҳарчанд, ки ин навъ садбарг арзиши гарон дошта бошад ҳам, вале талабот ба он  зиёд аст.  Ин навъ гулҳо бо технологияи ҳозиразамон парвариш карда шуда, шаклан хеле зебо мебошанд»,- мегӯяд номбурда.

Сабаби гарон будани гулҳои голландиро  Муродҷон Исмоилов дар талаботи зиёд доштани он  арзёбӣ намуда, тазаккур дод,    ки гулҳо вобаста ба мавсим нархгузорӣ мешаванд. Ҳоло як садбарги голландӣ 25-30 сомон арзиш дорад. Ӯ дар мавриди бештар ба кадом ранги гул таваҷҷуҳ доштани шаҳрвандон гуфт: «Аксар мардон ба ҳамсарони худ садбарги сурхро  интихоб мекунанд. Зеро ба андешаи онҳо ин навъ садбарг рамзи меҳру муҳаббат ва вафодорӣ мебошад».

 Исмоил Нуров, яке аз хардорони гул дар суҳбат ба хабарнгори АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки гулҳои харидаашро ба модар ва ҳамсаршавандааш мебарад. Ӯ мегуяд, ки ба модараш садбарги сурх ва ба ҳамсари ояндааш садбарги сафед интихоб намудааст.

«Ман санаи 8 март дар Рӯзи модар тӯйи хонадоршавӣ дорам. Аз ин рӯ, ба ҳамсари ояндаам, ки Осима ном дорад садбарги сафедро интихоб кардам. Зеро, ки ин навъ гулро нишонаи  бахти сафед ва ба рӯзи нек расидан медонанд», — гуфт ҳамсуҳбат мо.

Сокини шаҳри Душанбе, ронандаи таксии «44 44» Одил Қобилов  мегӯяд, ки Рӯзи Модар барои ӯ  беҳтарин ҷашн аст.  Ба гуфтаи номбурда, дар ин рӯз ӯ субҳи барвақт бо тӯҳфа ба аёдати модараш рафта, ӯро табрик мекунад, зеро дар ин рӯз модараш интизори мо фарзандонаш ҳаст.

 «Фикр мекунам, ки ҳар як модар гулро дӯст медорад.  Ман ба модарҷонам ҳар сол гулдаста ва ягон туҳфаи дигар харидорӣ мекунам. Модарам бениҳоят садбарги сурхро дӯст медоранд. Ман доим кӯшиш мекунам, ки ба модарам ин навъ гулро харидорӣ кунам. Модари ман худ гул мебошанд. Беҳуда нагуфтаанд: Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, борон аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро ҷамъ оварду зан- модарро офарид», — изҳор дошт Одил Қобилов.

Холисаи АСОМИДДИН,
Мақсудҷон МУҲИДДИНОВ,
АМИТ «Ховар»

                                                    АКСҲО аз АМИТ «Ховар» ва манбаҳои боз

Март 7, 2020 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»