«Роспотребнадзор» ба Тоҷикистон барои муайян намудани сирояти коронавирус 20 ҳазор тестҳои оҷилӣ ирсол намуд
ДУШАНБЕ, 26.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти федералии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Россия – «Роспотребнадзор» ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани сирояти коронавирус 20 ҳазор тестҳои оҷилӣ ирсол намуд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки тестҳои мазкур дар доираи ҳамкории ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба ҷониби Тоҷикистон дастрас карда шудаанд.
Зимнан, чанде пеш ҳам Хадамоти федералии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Россия шумораи муайяни чунин тестҳоро ба ҷониби Тоҷикистон дастрас намуда буд.
Он замон муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Мирҳамуддин Камолзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки тестҳои мазкур дар Озмоишгоҳи вирусологии Вазорат қарор дошта, дар ҳолати пайдо шудани гумонбарони гирифтор ба вируси нав масъулин аз ин тестҳо истифода мебаранд.
Ба иттилои расмӣ, то ҳол дар Тоҷикистон ягон нафар шахси гирифтори коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ имрӯз дар бораи беш аз 195 мамлакат ва ҳудуд гузориш дод, ки дар онҳо сироятёбии шаҳрвандон аз COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






