«Роспотребнадзор» ба Тоҷикистон барои муайян намудани сирояти коронавирус 20 ҳазор тестҳои оҷилӣ ирсол намуд

Март 26, 2020 18:00

ДУШАНБЕ, 26.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Хадамоти федералии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Россия – «Роспотребнадзор» ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани сирояти коронавирус  20 ҳазор тестҳои оҷилӣ ирсол намуд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки  тестҳои мазкур дар доираи ҳамкории ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Федератсияи Россия ба ҷониби Тоҷикистон дастрас карда шудаанд.

Зимнан, чанде пеш ҳам Хадамоти федералии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Россия шумораи муайяни чунин тестҳоро ба ҷониби Тоҷикистон дастрас намуда буд.

Он замон муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Мирҳамуддин Камолзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки  тестҳои мазкур дар Озмоишгоҳи вирусологии Вазорат қарор дошта, дар ҳолати пайдо шудани  гумонбарони гирифтор  ба вируси нав  масъулин аз ин тестҳо истифода мебаранд.

Ба иттилои расмӣ, то ҳол дар Тоҷикистон ягон нафар шахси гирифтори коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ имрӯз дар бораи беш аз 195 мамлакат ва ҳудуд гузориш дод, ки дар онҳо сироятёбии шаҳрвандон аз COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

Март 26, 2020 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»